Вохӯрии судманд бо омӯзгорон ва донишҷуёни курси якуми ДДТТ

Бинанда: 433 | Санаи нашр: 24 Октябр 2023

Вохӯрии судманд бо  омӯзгорон ва донишҷуёни курси якуми ДДТТ

Имрӯз (24.10.2023) дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи давлатии  тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки сардори хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷумъа, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби шурои ректорони МТОК-и ҷумҳурӣ Алиҷон Шоназаров, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Неъматулло Даминов, корманди раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдулхайр ва  омӯзгорону донишҷӯёни курси якуми  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат намуданд.

Вохӯрии мазкур бо мақсади татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи пойтахт бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, доир карда шуд.

Бояд гуфт ки вохӯрии сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ  бо донишҷӯёни курсҳои якуми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини маданияти шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, хизмати Модар – Ватан, зиракии сиёсӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, бегонапарастӣ, пешгирии исрофкориву хурофотпарастӣ ва эмин будан аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, дотсент А.Қурбонов оғоз намуда, зикр намуд, ки ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, инчунин, вобаста ба одобу маданияти шаҳрнишинӣ, риояи маромномаи сокини пойтахт ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ибрози андеша намуд.

Сипас сардори хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа оид ба пешгирии шомилшавии ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва коҳиш додани сатҳи  ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва хизмати Модар – Ватан суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷумъа иброз дошт, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат қарор дошта, дастгириҳои пайваста дар ин самт бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи сиёсати инсонпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби шурои ректорони МТОК-и ҷумҳурӣ Алиҷон Шоназаров вобаста ба масъалаи рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омӯзиши илмҳои бунёдиву техникӣ ҳарф зада, онро  яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф маънидод намуд.

 Чорабиниро Абдукарим Қурбонов ҷамъбаст намуда, аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон   барои иштирок  ва суханронӣ  арзи сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top