ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

Бинанда: 312 | Санаи нашр: 21 Октябр 2023

Санаи 21-уми октябри соли 2023 мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич рисолаи докториро дар мавзӯи «Идоракунии рушди иқтидори кадрии савдои чакана дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ: назария, методология ва амалия» дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори  илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.12 – Иқтисодиёти меҳнат ҳимоя намуданд.

Ҳимояи рисолаи доктории Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич дар сатҳи баланди илмӣ доир гашта, дар кори он аъзоёни Шурои диссертатсионӣ ва докторон, профессорон номзадони илм, дотсентон, муҳаққиқон, докторантон ва омӯзгорони ҷавон ширкат намуданд.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон,  ва кормандони донишгоҳ Абдурашид Абдунабиевичро  барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи докторӣ табрику муборакбод намуда, саломатӣ, бурдборӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба навро дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиашон таманно менамоянд!

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top