Семинари илмӣ бахшида ба рӯзи соҳибкорон

Бинанда: 338 | Санаи нашр: 14 Октябр 2023

Рӯзи 14.10.2023 дар асоси нақшаи гузаронидани чорабиниҳои илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ семинари илмӣ дар мавзӯи Соҳибкорӣ – омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ” бахшида ба рӯзи соҳибкорон баргузор гардид. Семинарро сардори Раёсати илм ва инноватсия н.и.и., дотсент Султонов З.С. ҳусни оғоз бахшид.

Дар семинар мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Алимов К.К. дар мавзӯи “Соҳибкорӣ ва нақши он дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар”, н.и.и., дотсенти кафедра Исматуллоев И.У. дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” ва н.и.и. Амонов С.С. дар мавзӯи “Соҳибкории истеҳсолӣ ва стратегияи рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърузаҳои худ баромад намуданд. Инчунин дар ҷамъбасти семинари илмӣ н.и.и., дотсент Сангинов Н.С. баромад намуда, андешаҳояшро баён намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top