Забон- оинаи тамомнамои миллат

Бинанда: 415 | Санаи нашр: 04 Октябр 2023

«Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки мафҳуму маъниҳо ва истилоҳоти нави илму фанро дар ҳар асру замон ҳазм карда, бо рангу бӯйи тоҷикона таҷассум намояд» Эмомалӣ Раҳмон.

«Забон таҷассуми фикр аст,-менависад Муҳаммадҷон Шакурӣ ва меафзояд,- ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро ифода карда, оламҳои маънавию рӯҳиро ба ҳам мепайвандад ва оламҳои наве эҷод менамояд, зеро зотан эҷодгар буда, на танҳо нерӯи эҷодкории инсонро афзоишу такомул медиҳад, балки ӯро тамоман дигар мекунад, фаҳми ӯро ташаккул ва ё ба куллӣ тағйир дода, одаму олами дигаре месозад»

“Забон монанди ҳама чизи ин ҷаҳон дар гардиши гетӣ дигаргун мешавад”(Иброҳим Пури Довуд), ин аст, ки ҳамеша рӯ ба такомулу рушд дорад. Чун ба соҳати инкишофи забон назар меандозем,омили иҷтимоӣ будани он  воқеъитар эҳсос мегардад, чаро ки забон инъикосгари ҳама ҳолати ҷамъияти инсонист.

Таъйиди гуфтаи мазкурро дар мисоли  ҳар забоне, хосса дар забони форсии тоҷикӣ, ки реша дар умқи асрҳо дорад, метавон  ба роҳатӣ дарёфт.

Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида , дастраси оламиён гардидаанд,ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадимӣ ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки забони модарӣ  бо шири модар аз овони ширхорагӣ дар оила ба ҷисму ҷони мо тавону лаззат бахшидаву дар тору пудамон печидааст, бо он тавъам ба воя расидаем. Чунон ки Бозор Собир мегӯяд:

Ҳар сухан бо шири модар,

Сахт шуд, дар устухонаш  монд, монд.

 Чун соҳибзабон гардидему ба дарки тамъи сухани ноб коми завқамон ширину ормонҳоямон  пайи ҳам бароварда мешуданд, ҳар гаҳ сухан аз асолати миллӣ ва баргашт ба решаҳои аслӣ ба миён ояд, бетардид  ҳифз, нигаҳдорӣ ва густариши забони модарӣ ба ҷойгоҳи аввал мебарояд, ки бояд аҳли зиёи кишвар  дар сафи аввали муборизони фарҳангӣ  мустақар гарданд. Ҷалолуддини Балхӣ бо тафохури тамом мегӯяд:

Форсӣ гӯ, гарчӣ тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст.

         Ҳол ки сухан аз боби асолати миллӣ ва истиқлолият дар миён аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қабули Қонуни забон, ки 22 июли соли 1989 сурат гирифта буд, онро муборизаи  фарҳангӣ арзёбӣ намуда, ба пирӯзии мардуми тоҷик анҷомиданашро чунин истиқбол кардааст: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир, ба назари ман, аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз шуд».

Кулли аҳли назар ва ҷомеаи фарҳангиро равшан аст, ки яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол забони миллии он аст ва он дар пойдорӣ ва таҳкиму рушди устувори қудрати сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангии он нақши меҳварӣ мебозад, аз ин рӯ дар паноҳи забон будани давлат  ва дар паноҳи давлат будани забон ба нафъи ҳардуст.

Воқеъист ки забон ба мисли мавҷуди зинда аст ва ҳамеша талош ба рушду такомул дорад ва забони тоҷикии мо, ки аз умқи асрҳо манша мегирад, тули мавҷудияти мадиди хеш аз истифодаи вомвожагон (дар забонамон ҳазмшуда) дар таркиби луғавии худ барканор набудааст,зеро истеъмоли бамавқеи   онҳо ғановати онро меафзоянд.

Бо он ки дар забони тоҷикӣ низ чун дар забонҳои дигари олам (русӣ, арабӣ, англисӣ…) вожаву таркибҳо, истилоҳоти аз забонҳои дигар дохилшуда мавқеи муайян доранд ва ин яке аз омилҳои муҳимтарину табиии бою ғанӣ гаштани таркиби луғавии забонҳои олам ба хисоб меравад, бояд аз ин раванд на суистеъмол, балки  ба андозаи ниёз  истифода қард.

Аксарияти воҳидҳои луғавие, ки аз забонҳои дигар ба забони мо дохил шудаанд, системаи истилоҳотро фаро мегиранд. Баъзе аз калимаҳои дигари иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ муродиф дошта бошанд ҳам, бо ягон ҳусусияти услубӣ ба шоҳаҳои алоҳидаи услуби забон мансуб буда, аз бобати тобиши маънӣ аз онҳо фарқ мекунанд. Калимаҳои бегонае, ки аз ин аломатҳо фориғанд, дар забони мо мавқеи устувор пайдо накардаанд ва нахоҳанд кард.

Тағйироти меъёрҳои адабӣ, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ногузир аст, ба масъалаи унсурҳои иқтибосӣ низ дахл дорад: дар як давраи таърихӣ истеъмоли қисме аз онҳо дуруст ва раво бошад, дар марҳилаи дигар берун аз меъёри умумӣ дониста мешавад. Таҳрири як асари ин ё он адиб дар фосилаи ду-се даҳсола, яъне баъди гузашти айём аз ҷониби худи ҳамон муаллиф дар тасдиқи ин маънӣ далели бараъло хоҳад буд. Ин раванд  барои аҳли назар равшан аст ва бисёре аз забоншиносон дар асарҳои бунёдии хеш ба ин назаранд.

            Дар асари ҷомеи хеш- “Забони миллат- ҳастии миллат” Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд: “то даме ки башарият ҳаст  ва забонҳо вуҷуд доранд, доду ситад ва таъсири мутақобилаи забонҳо низ идома пайдо мекунад”ва муҳимтар аз ҳама забони тоҷикӣ “дари хазинаи дороиҳои худро барои забонҳои дигар боз мегузорад”

Муаллифи асари “Таҳаввули таърихии вожаҳои тоҷикӣ”  бо ифтихор таъкид менамояд, ки “забони форсӣ-тоҷикӣ дар тӯли таърихи вуҷудаш ба рушду нумӯи як силсила забонҳо, аз қабили ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ, чиченӣ, ингушӣ, русӣ, арабӣ, испанӣ, лотинӣ, португалӣ, яҳудӣ, туркии усмонӣ, англисӣ, итолиёвӣ, ҳиндӣ ва ғайра кӯмак кардааст”.

Нуктаи дигар низ гуфтанисту ба исбот расида, ки”ба забони туркӣ на танҳо калимаҳои алоҳидаи аслии форсии тоҷикӣ, ки (қисме аз ин воҳидҳои луғавии форсии тоҷикӣ дар ин забонҳо мақоми фонди асосии луғавиро гирифтаанд, балки ибораҳои алоҳида, ба хусус воҳидҳои рехта низ иқтибос шудаанд”.

Ҷои масаррат аст, ки тағйироти амиқи таърихӣ ва таҳаввули густурдаи бунёдие, ки солҳои Истиқлол дар ҷомеаи мо падид омад, натанҳо чеҳраи сиёсию иҷтимоӣ, балки қолабҳои танг ва маҳдудиятҳои маснӯии низоми сиёсии пешинро шикаста, барои пешрафти илму донишҳои замонавӣ ва рушду такомули табиии маданияти миллӣ, ба вижа забони тоҷикӣ, шароити мусоид фароҳам овард.

Бо шуҷоат ва илман дар асоси мадракоти муътамад ва манобеи фарҳангномаву маъхазҳо, дар заминаи муътабартарин маводди бостонию асрҳои миёна зимни собит кардани қадимӣ будани забони форсии тоҷикӣ забоншиносон дар осори таҳқиқотии решашиносии хеш  аз Қурони Маҷид дар ҳудуди 21 ё 27 вожаи тоҷикиасле, амсоли ибриқ (аз обрез)ва сиҷил (сангу гил)-ро пайдо намудаанд, ки муаллифи асари “Забони миллат- ҳастии миллат” Эмомалӣ Раҳмон бар онҳо истинод кардааст.

 Табиист, имрӯз, ки яке аз марҳилаҳои муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба ҷои аввал мебарояд. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели ҷаҳонишавӣ ва бад-ин ҷиҳат таъсири забонҳои гуногун ва анъанаҳои истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо  фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад.

Дар ҳамин росто Пешвои миллат дар Паёми телевизонии худ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (5.10.2017) таъкид доштанд, ки “Зиёиён забони тоҷикиро аз сели вожаҳои иқтибосӣ ҳифз намоед.”

 “Алмуъҷам”-и Шамс  Қайси Розӣ дар илмҳои сегонаи адабӣ:арӯз, қофия ва нақди шеър иншо шуда бошад ҳам,аз нигоҳи илми забоншиносӣ низ сарчашмаи муътамад буда, дорои бисёр қайду ишора ва тавзеҳоти пурарзиш мебошад,- менависад Д. Хочаев ва ин нигоштаи ӯро далел меорад: “...аз калимаю таркиб ва ибораҳои бегонаву дури ғайри луғати тоҷикӣ истифода набояд бурд.”. Хирадсолори дигаре гӯё дар ҳамовозӣ ба  муроҷиати Пешвои муаззами миллат ба ахли фазл мегӯяд:  

Аз бехирадон умеди ободӣ нест,

Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст.

Дуруст аст, ки забон монанди ҳар соҳаи дигари зиндагӣ инкишофи озод ва бемаҳдудият мехоҳад. Тараққии озод ва бар ҳам задани маҳдудиятҳо чунин маъно надорад, ки аз талаботи ҳар гуна қоидаву тартибот озодем ва ҳақ дорем, ки ҳар чӣ хоҳем ироа дорему бинависем. «Худсарӣ дар забон, - аз назари академик Муҳаммадҷон Шакурӣ,- истифодаи худсаронаи калимаю ибораҳо, қолибҳои сухан - тарзҳои калимасозӣ, иборабандӣ, ҷумлаофарӣ ва ғайра, ба ихтиёри худ ба онҳо нисбат додани вазифае ё маъние натиҷаи ноогоҳист. Инҳо ба забон бесару сомонӣ оварда, боиси ифодаи хираи фикр мегарданд ва ҳар дафъа фикри чандин нафарро ба хирагӣ мекашанд, чандин касро ба хирабаёнӣ меоранд. Истифодаи забон ва воситаҳои он бояд ба дониши устувору табъи салим асос ёбад».

  Барои истиқлолияти комил забони миллӣ бояд сараввал ба сифати забони муоширати байни тамоми миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ хизмат намуда, аз чорчӯбаи танги маҳалливу миллии хеш берун ояд ва дар тамоми соҳаҳои  ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тасаллут пайдо кунад.

Забони тоҷикии мо тавону зарфияти онро дорад, ки рисолати хешро дар заминаи тақозо ва талаботи даврони шадиди ҷаҳонишавӣ чун пайваста  зери  таваҷҷуҳи  хосаи Сарвари  маърифатдӯсту илму адабпарвари миллати мо қарор дорад, тафаккури миллиро ба миён оварда, ба таври аҳсан анҷом диҳад.

Ва моро фотеҳаи падарсолори адабиёти навини тоҷик, нахустқахрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамеша раҳнамою роҳбаладу раҳкушост, ки ҳануз соли 1924 ба ифтихори  нашри рӯзномаи миллии тоҷикон “Овози тоҷик” иншо намуда буд:

Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ,

Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.

Суханро чун арӯсон зеб дода,

Забони маърифатпардози тоҷик.

Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда,

Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.

Яқин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст,

Ба ёд орӣ агар оғози тоҷик... 

 

 

Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур,

номзади илмҳои филология, дотсенти

кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top