Табрикоти ректори Донишгоҳ профессор Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати рӯзи омӯзгор ва рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 295 | Санаи нашр: 02 Октябр 2023

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Нахуст ҳамаи шуморо аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола якшанбеи ҳафтаи якуми моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5-уми октябр) табрику муборакбод мегӯям.

Ҳамкасбони азиз, боиси ифтихор ва хушнудист, ки мову шумо касби бисёр ҳам боифтихор ва заҳматталаб, яъне омӯзгориро пеша кардаем. Ин касби пуршараф воқеан ҳам сабру таҳаммул, масъулият ва заҳмати зиёдро талаб мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маорифро соҳаи афзалиятнок дониста, нисбати омӯзгорон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд, дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: “Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ахлоқи инсон, маҳсули машаққати омӯзгорон аст”.

Воқеъан ҳам, омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Омӯзгор шахсест, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он мароқ зоҳир мекунанд ва бо боварӣ фарзандони худро барои гирифтани дониш ва мутахассиси хуб шудан назди ӯ амонат мегузоранд ва амин ҳастанд, ки ояндаи фарзандонашон дурахшон аст.

Ҳамкасбони азиз, бо ифтихор бояд бигӯям, ки саҳми ҳар яки шумо дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ, рушди соҳаи маориф ва комёбиву дастовардҳои донишгоҳ назаррас аст ва боварӣ дорам, ки ҳар яки шумо минбаъд низ дар пешрафти таълиму тарбия, рушди илми ватанӣ ва мавқеи намоёнро ишғол намудани донишгоҳ дар байни макотиби олии кишвар, кӯшишу ғайрат ба харҷ дода, донишу маҳорати касбиатонро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ равона месозед.

Ҳамкасбони азиз, мехоҳам заҳмату бузургии муаллимро бо сухани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвият бахшам. “Омӯзгорон гурӯҳи пурнуфузе мебошанд, ки рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу бомаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Аз ин хотир, мо минбаъд низ барои тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа чораҷӯӣ мекунем”.

Чунин баҳои сазовор ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозанд, ки баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони болаёқат дар донишгоҳ кӯшишу ғайрати бештар намоем.

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни азиз, акнун мехоҳам дар бораи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ, ки дар арафаи ҷашни солгарди он қарор дорем, чанд сухан гӯям.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлат ба шумор рафта, ҳар як кишвари соҳибистиқлолу соҳибтамаддунро маҳз аз рӯи забон ва миллаташ мешиносанд. Ҳамин аст, ки зери сояи забони давлатӣ ҳукумат қавӣ гашта, аз ҳама таҳдидҳои забониву қавмӣ дар амон хоҳад монд. Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” шуруъ аз соли 2009, ҳамасола 5-уми октябр дар кишварамон рӯзи “Забони давлатӣ” ҷашн гирифта мешавад.

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд ки: “Забони давлатиро пос дорем ва онро аз ҳамаи арзишҳои дигар дида эҳтиёт ва эҳтиром намоем” 

Дар мукаммал гардонидан ва тозаву беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ саҳми омӯзгорон ҳамчун зиёиёни пешқадам бисёр бузург аст, зеро пайваста ба он сару кор дошта, тарзи дуруст баён намудани ибораю калимаҳоро ба хонандагону донишҷӯён меомӯзонанд.

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз, боварӣ дорам, ки ҳар яки шумо дар рушду такомули минбаъдаи забони давлатӣ, тозаю беолоиш нигоҳ доштани он саҳми арзандаи хешро мегузоред.

Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромиро бо Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти омӯзгорӣ ва донишҷӯиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top