Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ

Бинанда: 350 | Санаи нашр: 27 Сентябр 2023

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми  солҳои охир дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ дастовардҳо зиёд гардида,  дар натиҷаи ин тадбирҳо  ташрифи  сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардонидаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро мегузаронад. Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои сокинони сайёра  ба шумор меравад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top