Мушкилот ва дурнамои бозори суғурта дар Тоҷикистон

Бинанда: 490 | Санаи нашр: 19 Сентябр 2023

19 – уми сентябри соли 2023 дар донишгоҳ мизи мудаввар тариқи маҷози (онлайн) бо шарикони Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов З.С., декани факултети молия ва қарз Хоҷаев Д.Х. ва мудири кафедраи андоз ва суғурта Қурбонов А.Р., инчунин омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок ва суханрони намуданд.
Қайд гардид, ки бо қарори Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 09.11.2020 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии иштирокдорони ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта дода шудааст. Ва дар ин муддат дар донишгоҳ таҳкими захираҳои кадрии ташкилот дар соҳаи суғурта ва таъминоти моддию техникӣ, таълимию методии он диққати махсус дода шуда, як монографияи дар мавзӯъи «Рушди бозори хизматрасонии суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти рушди суғурта 1 рисолаи докторӣ ва 2 рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top