БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бинанда: 331 | Санаи нашр: 18 Сентябр 2023

Иштироки ҳайати профессорону омузгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  дар  Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ  ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек, вазири маорифи Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгул Атаева, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвархон Бузрукхонов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Сараввал ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед гуфта, қайд намуд, ки Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ бори аввал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҳузури вазирони маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки маҳз таваҷҷуҳи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки имрӯз мо чунин як форуми сатҳи байналмилалӣ доир намуда истодаем. Баргузории ин форум бевосита дар рушди равобити кишварҳои минтақа дар соҳаи маориф ва илм саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Сипас маърузаҳои вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Саясат Нурбек, вазири маорифи Туркманистон Қурбонгул Атаева, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Сарвархон Бузрукхонов ва роҳбарони муассисаҳои таълимии кишварҳои ҳамсоя шунида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар форум намояндагони 70 донишгоҳ ширкат намуданд, ки аз ин 35 нафар намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон буданд. Дар форум 40 созишнома оид ба ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии форум омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои минтақа мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top