ТАШРИФИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ АЛМАТИ МЕНЕҶМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БА ДОНИШГОҲ

Бинанда: 328 | Санаи нашр: 15 Сентябр 2023

Имрӯз (15 .09.2023 ) дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии кишварҳои  Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи Алмати менеҷмент (ALMAU)-и Ҷумҳурии Қазоқистон  Куренкеева Гулнара  Турдалиевна ва директори Озмоишгоҳи маркетинги  донишгоҳи мазкур Акдана Абужалитова ба  донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмонони олиқадрро дар саҳни донишгоҳ ректори  донишгоҳ  доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ва муовинони  ректор  истиқбол гирифтанд.

Пас аз истиқболи самимӣ, меҳмонон бо заминаи моддӣ-техникӣ,шароити таълим, аз ҷумла толору синфхона ва озмоишгоҳҳои донишгоҳ шинос гардиданд.

Баъдан, дар толори асосии  донишгоҳ вохӯрии меҳмонон бо ҳайати профессорону   омӯзгорон ва магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ  баргузор гардид.

Вохӯриро Ҷамшед Машокиров, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар  во гузошт.

Ректори донишгоҳ  меҳмононро хайрамақдам гуфта, вобаста ба ҳамкориҳои муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон суханронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба  байни   Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон ва Донишгоҳи Алмати менеҷменти  Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, имрӯзҳо дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд.

Баъд аз суханронии ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аҳли толор  дарси кушоди роҳбари озмоишгоҳи нейромаркетинг Акдана Абужалитоваро дар маъвзуи нейромаркетинг  бо мароқи том шуниданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ аз ҷониби ректори ДДТТ Назарзода Хайрулло Холназар ва ректори Донишгоҳи Алмати менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон  Куренкеева Гулнара  Турдалиевна шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top