Ҷавонон-татбиқгари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат

Бинанда: 1035 | Санаи нашр: 16 Сентябр 2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаву бунёдкор, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.

Пешвои миллат дар ҳама мулоқоту вохӯрӣ ва суҳбату суханронӣ, алалхусус, зимни ироаи паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мешуморанд.

Роҳбари давлат ба ҷавонон рӯ оварда, пайваста онҳоро барои ҳифзи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бархӯрдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ватанию ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаву технологияи навтарин, интихоби касбу малакаҳои муосир, инчунин рӯ овардан ба китобхонӣ   даъват намуда, чӣ будани неъмати Истиқлолияту ваҳдати миллиро баён ва онҳоро аз зуҳуроти номатлубу зишти ҷаҳони муосир огоҳ менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ба тасвиб расиданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад 

Воқеан, маҳз мутахассисони ҷавони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст метавонанд дар инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Қобили зикр аст, ки таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар мамлакат сиёсати ҷавоншавии кадрҳо роҳандозӣ мегардад. Ҳоло ҷавонони болаёқату кордон ва ташкилотчиву фаъол дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулу роҳбарикунандаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолияти пурсамар доранд ва дар пешрафту ободонии Ватани маҳбубамон нақши муҳим мегузоранд.

Сарвари давлат дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ роҷеъ ба ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунин таъкид намуданд: «Баъди ба даст овардани Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳаммияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳимми кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам оварданд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад».

Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд.

Ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, дар маҷмӯъ, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳо, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ равона шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳамасола (шуруъ аз соли1998) 23-юми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикис­тон» таҷлил мешавад

Пешвои миллат ҷавононро неруи созанда, иқтидори ­воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат медонанд.

Тавре ки дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, “Танҳо кишварҳое ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеае рушди устуворро таъмин месозад, ки сис­темаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ такмил медиҳад”.

Боиси ифтихор аст,ки бо  ибтикори бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор гардида истодааст, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ( калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар қишрҳои аҳолии кишвар) такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ёқубзода Муҳаммадҷон, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top