СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ — САФҲАИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Мулоҳизаҳо дар робита ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Бинанда: 247 | Санаи нашр: 11 Сентябр 2023

Расидан ба марҳилаи истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишт пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро ба куллӣ тағйир дода, уфуқҳои тозаи рушдро кушод. Зимнан, тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ба исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ кардаанд. Муҳимтар аз ҳама, Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯи инкишофу таҳаввул ҳидоят менамояд. Чунин нигоштааст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Ба навиштани матлаб доир ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз мекунам ва ба таҳлилу таҳқиқи маводи ин солҳо пардохта, матлаберо дастрас менамоям, ки чунин аст: «9 — уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, аз соати 6:45 то соати 12:45 (расо 6 соат) аз 87 километр нақбҳои кандашуда, новобаста аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар баъзе қисматҳои нақбҳо, газнокии зиёд ва баландиҳои гуногуну релефи мураккаб дидан мекунанд ва бо бунёдкорони ин иншооти аср суҳбат менамоянд. Ҳамчун муҳандиси варзида ба корҳои сохтмонӣ баҳо медиҳанду барои беҳтар шудани корҳои сохтмонӣ ва сифати онҳо ба бинокорону масъулон дастуру пешниҳодҳои муфид манзур месозанд».

Баъд аз ин хабар бори дигар аҳсан ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехонаму таъкид менамоям, ки тамоми дастовардҳои ҷумҳурии азизам-Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ному кору пайкори ҳамин фарзонафарзанди миллат, бузургмарди дунёи сиёсат – Пешвои миллат тавъаманд.

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин қадамҳои устувор бардорад.

Аз арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сию ду сол сипарӣ мешавад, ки бегумон, марҳилаи бунёди давлатдории навин, заминасозии ҳуқуқӣ, рушди соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Маълум аст, ки бо шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчами давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускори масъалаҳои марбут ба оби тоза дар сатҳи байналмилалӣ ва наҷотбахши аҳли башар эътироф шуданд.

Ба дунболи ин, Истиқлолияти давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо гузашти 32 сол бори дигар ёдовар мешавем, ки Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, ки кишварҳои дигари тоза истиқлол бадастовардаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буданд.

Мутаассифона, неруҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаю дастурҳои хоҷагони хориҷии худ тарҳи бадбахтии мардуми шарифи тоҷикро кашида, барои зери суол бурдани Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имконот истифода намуда, роҳро барои фоҷиаи мардумӣ ҳамвор сохтанд. Дар ниҳоят, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Дар он замон ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси Тоҷикистони тозаистиқлоли мо фирефтаи мафкура ва нақшаҳои созмону ташкилоти зиддимиллӣ гашта буданд. Аз ҷумла, дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии вақти ҷумҳурӣ бо фалаҷ шудани сиёсати марказӣ ва бекор шудани низоми давлатдории шӯравӣ ба вартаи мушкилоти дохилӣ афтиданд.

Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи мудирияти равандҳои сиёсиро надошт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои қаламрави ҷумҳурии тозаистиқлоли мо, ки бо шикасти империяи шӯравӣ ҳолати шокро аз сар мегузаронид, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибӣ (хаос) — ро дар шакли намоишномаҳои сиёсӣ коргардонӣ карда, ба ин восита низоми зиндагии муътадили мардумро аз байн бурданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз панҷ сол идома ёфта, рушди Тоҷикистони тозаистиқлоли моро даҳсолаҳо боздошт ва ба иқтисодиёти давлат зарари бузург расонд.

Бояд таъкид кард, ки бо ташаббуси Раҳбари хирадманду оқил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи таърихии халқи тоҷик муайян карда шуд, ки он ба бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асос ёфт. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати навтаъсис хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар мамлакат, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд. Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазифа ва рисолати таърихии хешро муваффақона иҷро намуданд.

Дар марҳилаи пасоҷангӣ роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори истеҳсолӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҷумҳурӣ ба масири рушду тараққиёт ворид гардид.

Таҳлилҳо собит мекунанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз соли 2000-ум ба марҳилаи рушд ворид шуда, барномарезиҳои давлатӣ дар заминаи пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мунтазам роҳандозӣ гардид. Ҳамчунин, давлат дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани бунёдкорию созандагӣ, бахусус сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун иқдомоти заруриро рӯйи даст гирифт. Дар доираи ин иқдомот пули миллӣ ба унвони муқаддасоти миллӣ ба гардиш даромада, низоми муосири молиявию бонкӣ ташкил гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти аксари созмонҳои бонуфузи иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Тибқи таҳлилу баррасиҳои ихтисосию оморӣ, дар 23 соли охир суръати рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 миллиард сомонӣ афзуд. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар — аз 83 дарсади охири соли 2000-ум то 22 дарсад коҳиш ёфт. Шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 10 миллион нафар, яъне 1,8 баробар, афзоиш ёфта, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз як миллион хонавода, яъне бештар аз 7 миллион нафар, 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд ва ин раванд то имрӯз идома дорад.

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб намуда, ба тарҳу роҳандозии барномарезиҳои иловагӣ дар заминаи рушди устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат иқдом кард. Бо назардошти имконияти воқеии молиявӣ, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар ҷумҳурӣ фақат дар даҳ соли охир 29 баробар ва музди миёнаи меҳнат қариб 28 баробар афзудааст. Аз давраи солҳои 1997 то имрӯз маблағи номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Аз ҳама муҳим, Роҳбари мамлакат ба вуҷуд овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мамлакатро ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии давлат пайваста дунбол мекунанд.

Аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан масъалаи истиқлоли энергетикиро ба унвони ҳадафи стратегӣ қарор дода, дар ин самт талоши зиёд ба харҷ додаанд. Махсусан, тарҳи НБО-и «Роғун» ва роҳандозии лоиҳаи бузурги энергетикии аср бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд. Мо хуб дар ёд дорем, ки 29 -уми октябри соли 2016 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори булдозер тӯли беш аз якуним соат, яъне аз соати 10 то 11:30 маҷрои дарёи Вахшро дигар карда, ба бунёди сарбанд, ки бояд баландии он 335 метр бошад, оғоз бахшиданд. Баъд аз ба нақбҳои обпарто равона кардани маҷрои дарёи Вахш бунёди сарбанди НБО «Роғун» мутобиқи нақша оғоз шуда, то кунун мунтазам идома дорад. Арзиши корҳои марбут ба бунёди ин сарбанд тақрибан ба 1,9 млрд. ва арзиши умумии НБО –и «Роғун» ба 3,9 млрд. доллари амрикоӣ баробар аст.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз дар давраи аз назари молиявӣ ва иқтисодӣ ҳассос давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардани чор ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро пайгирӣ намуда, муваффақ шуд.

Истиқлолияти давлатӣ шароите фароҳам овард, ки тибқи он, ҳар фарди ташаббускору созанда метавонад истеъдоду тавоноии хешро зоҳир карда, комёб гардад.

Истиқлоли ҷомеа, пеш аз ҳама, аз истиқлол ё худ озодии конститутсионии фард иборат мебошад. Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда истиқлоли фард, хонавода ва ҷомеаро дифоъ мекунад. Такмил ва ба кор даромадани механизмҳои дар Конститутсия ва дигар қонунҳо ҷойдошта аз ташаббус ва масъулияти тарафайн – шаҳрвандон ва сохторҳои давлатӣ сахт вобаста аст. Бо ташаббус ва раъйдиҳии шаҳрвандон арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванд устувор мешаванд.

Дар партави ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид Президенти мамлакат аз оғози солҳои дуҳазорум бо ҷиддият масъалаи таъминоти аҳолиро бо оби тозаи ошомиданӣ ба миён гузошта, ҷараёни ҳамкории шарикиро бо созмонҳои марбута вусъати тоза бахшиданд. Рӯйдоди муҳиме, ки дар таърихи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ба вуқӯъ пайваст, ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтани ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об мебошад. Тоҷикистон тавассути сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилию сатҳи минтақавӣ, инчунин барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ташаббусҳо пешниҳод менамояд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об бо роҳи осон не, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқ ва илман асоснокшуда зоҳир гардида, барои рафъи мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд.

Маҳз, дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об танҳо давоми 20 соли охир панҷ қатънома қабул намуд, ки нишонаи баланди эътирофу эҳтиром ва далели раднопазиру мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ собит мекунад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, ки дар идора, истифода ва ҳифзи захираҳои об афзалияти аввалиндараҷа дорад, инчунин, дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудаанд, ки яке аз дастовардҳои муҳими чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи рушди инсоният саҳифаи наверо зам хоҳад намуд.

Мақсад аз гуфтани ин нуктаҳои муҳим, равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба андешаи ман, ҳалли яке мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони об, ба ҳисоб меравад.

Тавре ки мо шоҳид ҳастем, 14 — уми декабри соли 2021 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Қабули чунин қатънома боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо олимони тоҷик ва аҳли ҷомеа мебошад.

Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— эълон гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

— эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

— дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

— дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор дарҷ гардидааст. Инчунин, таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера гардида, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани сифат ва миқдори маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Афзун ба ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масъалаҳои омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бидуни шубҳа, қабули ин гуна қатънома барои ба вуҷуд омадани палатформае замина мегузорад, ки олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва онҳоро татбиқ намоянд.

Ҳамин тариқ, иқдомоти созандае, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаланди тоҷик ба даст омадааст. Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ, ки шарти ҳастию бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқона Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаю муқтадир гардонем.

 

АМИТ «Ховар»

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top