Қадрдонӣ дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ зери унвони «Ҷашни истиқлолат муборак кишварам!» бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва дигар фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин намояндагони аҳли илму адаб, олимону зиёиён баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ректори донишгоҳ профессор Назарзода Х.Х. бо Сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд. Муборак бошад!