ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА 32 ДАСТОВАРДИ МУҲИММИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИВУ МИНТАҚАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 350 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2023

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА 32 ДАСТОВАРДИ МУҲИММИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИВУ МИНТАҚАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 32-соли истиқлолияти давлатӣ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии хеш миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати ташаббускор, меҳнатдӯст, сулҳхоҳ, ободкору фарҳангсолор ва тамаддунофар муаррифӣ намудааст.

Лозим ба қайд аст, ки аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик, абармарди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ниҳодҳои ҳокимияти давлатдории миллати тоҷик тағйиротҳои куллӣ ворид гардид.

Яке аз беҳтарин неъматҳо - ин Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки баробари ба даст овардани он, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои муҳимми сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ноил гардидааст, ки барои ҳар яки мо баръало намоён мебошад. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин, арзишмандтарин ва бузургтарин дастовард барои миллати тоҷик мебошад. Аз нахустин лаҳзаҳое, ки миллати тоҷик истиқлоли давлатиро ба даст овард, зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ба барқарорсозӣ ва бунёди давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар, камари ҳиммат бастанд. Талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари маҳбубу ғамхори миллати тоҷик буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба таври расмӣ мешиносанд ва истиқлоли онро эътироф менамоянд.

Дар робита бо ин, лозим донистем, ки ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ 32 дастоварди муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ эътирофи махсусро соҳиб гардидаанд, ёдовар шавем. Бояд қайд намоям, ки бахшида ба 31 солагии истиқлолияти давлатӣ мо як қисми ин дастовардҳоро ёдовар шуда будем.

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.

2. Соли 1992 Тоҷикистон аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ шуд.

3. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

4. 23 августи соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пазируфта шуд.

5. 1-уми июли соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ ва 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ гардид.

6. Соли 2003 ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон”-и ЮНЕСКО аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ғазалиёт”-и Ҳофизи Шерозӣ ворид карда шудааст.

7. Ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон”-и ЮНЕСКО аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон “Куллиёт”-и Убайди Зоконӣ соли 2003 ворид карда шудааст.

8. Соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд.

9. Соли 2004 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и ЮНЕСКО сазовор дониста шуд.

10. Дар солҳои 2002-2008 раисӣ дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон вогузошта шуда буд, ки фаъолияташ пурсамар арзёбӣ мегардад.

11. Соли 2010 шаҳри бостонии Саразм ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

12. Соли 2013 Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд.

13. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё - Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид.

14. Соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт.

15. Соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббуси пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонид.

16. Соли 2013 Ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014- 2015 таҷлил шуданд, ворид гардид.

17. Соли 2013, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил шуданд, ворид гардид.

18. Соли 2013, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил гардиданд, ворид шуд.

19. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

20. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005- 2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.

21. Ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об.

22. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

23. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.

24. ЮНЕСКО 1-уми декабри соли 2016 иди Наврӯзро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид намуд.

25. ЮНЕСКО соли 2016 оши палави мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард.

26. Соли 2018 «Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

27. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо 2019» сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардид.

28. 15-уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

29. 11 ноябри соли 2021 номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон - 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд.

30. Бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муъҷизаҳои дасти инсоният, шоҳкории азими халқи тоҷик, маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз” ба рӯйхати “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид гардид.

31. Дар сатҳи байналмилалӣ Пажуҳишгоҳи исломии Уммон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба феҳристи “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2022” дохил кард, ки бори ҳафтум мебошад.

32. Санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад- муовини якум,

муовини ректор оид ба таълими ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top