Дар Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин гузаронида мешавад

Бинанда: 589 | Санаи нашр: 05 Июл 2023

Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзӯи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмуни мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бахшида ба қабул шудани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», инчунин ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ гузаронида мешавад.

Тибқи низомнома, озмун дар як давр, аз 1 сентябри соли 2023 то 1 майи соли 2024 баргузор шуда, 1 июни соли 2024 дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва Рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад.

Талабот дар озмун ва шартҳои баргузории он аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма интишор карда мешавад.

 

АМИТ «Ховар»

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top