Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон д.и.т., профессор Назарзода Х.Х. бахшида ба Рӯзи байналхалқии кооператсия

Бинанда: 571 | Санаи нашр: 01 Июл 2023

Бо арзи эҳтиром ҳамаи кормандони Иттифоқи Тоҷикматлубот ва аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи байналхалқии кооператсия самимона табрику муборакбод менамоям.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Тоҷикматлубот чунин баҳои сазовор додаанд:

“Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст” 

Дар воқеъ нақш ва мақоми Иттифоқи Тоҷикматлубот дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб эҳсос мегардад. Дар шароити имрӯзаи бозор кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро оид ба қонеъ намудани манфиату талаботи саҳмдорон, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии истеъмолкунандагон, таъсиррасонӣ ба сиёсати соҳаи истеъмолии мамлакат, муҳайёсозиву инкишофи зерсохтори соҳа, ба ин васила вусъат додани кооператсияи матлубот ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодиро сарбаландона амалӣ намуда истодааст.

Нақши системаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон назаррас мебошад.

Соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат дар ҳамаи чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва ҷашнҳои миллӣ фаъолона ширкат намуда, дастовардҳои соҳа ва намоишу фурӯши маҳсулотҳои гуногунро пешниҳоди мардуми ҷумҳурӣ мегардонад.

Вобаста ба ин дар фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии кормандони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омадаанд, ки ин боиси боз ҳам мустаҳкам шудани мавқеи он дар ҷамъият гардидааст.

Зиёда аз ин дар давоми солҳои охир Иттифоқи Тоҷикматлубот бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳаракати кооперативии ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда истодааст.

Бори дигар Рӯзи байналхалқии кооператсияро барои аҳли кормандони ин соҳа табрику таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатии комилу умри дарози бобаракат, сарфарозию саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориашон дастоварду комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

 

 

Бо камоли эҳтиром, ректори ДДТТ Назарзода Х.Х.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top