САФАРИ ХИЗМАТӢ БА ДОНИШГОҲИ ОРАДЕЯ

Бинанда: 659 | Санаи нашр: 09 Июн 2023

Дар доираи барномаи Erasmus+KA107 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шамс Ниёзов аз 19-ум то 30-юми майи соли 2023 дар Донишгоҳи Орадеяи Ҷумҳурии Руминия иштирок намуд. 19-уми майи соли 2023 бо ноиби президенти Шўрои муносибатњои байналмилалии донишгоҳи мазкур, ҷаноби Грама Василе вохӯрӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат ҷаноби Грама Василе зикр намуданд, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми  Донишгоҳи Орадея ба роҳ мондан ва таҳкими робиатҳои хориҷии донишгоҳ, аз ҷумла барномаҳои табодули академӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои шарик ба ҳисоб меравад. Донишгоҳи Орадея яке аз донишгоҳҳои калассикӣ дар Аврупо ба шумор рафта  зиёда 300 донишгоҳ ва 39 кишвари ҷаҳон робита дорад.

Таҳсилоти табодули академӣ ба донишҷӯён дар 15 факултети донишгоҳ дар доираи барномаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура ва аспирантура ба роҳ монда шудааст. Дар баробари фаъолияти касбӣ ва рафтори ахлоқӣ, тадқиқоти илмӣ меъёри афзалиятноки баҳодиҳии академии кормандони илмӣ дониста мешавад. Донишгоҳ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои баробарии гендерӣ ҳамкории хуб дорад.

Грама Василе қайд намуданд, ки мақсади асосии табодули донишҷӯён ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ба шумор рафта, ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантон имконият ба вуҷуд оварда мешавад, ки дар хориҷа бо роҳи иштирок намудан дар барномаҳои кӯтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ва ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.

Ҳадафи амалӣ намудани барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни миллату фарҳангҳои гуногун ва тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Инчунин, 23-юми майи соли 2023 бо сардори шуъбаи байналмилалии донишгоҳи мазкур хонум Корина Арделеан суҳбат дар доираи барномаҳои Erasmus+ анҷом доданд. Номбурда зикр намуданд, ки шуъбаи равобити байналмилалӣ нақши таъмини робитаҳои байналмилалии донишгоҳро дар доираи лоиҳаҳои таълимӣ ба монанди Erasmus+ ва CEEPUS  ба роҳ мондааст.

23-юм ва 24-уми майи соли 2023 дар доираи лоиҳаи Эрасмус + бо намояндагони узви Академияи Малагаси Ҷумҳурии Мадагаскар, аз ҷумла ноиби президент оид ба педагогика, тадқиқот, шарикӣ ва робитаҳои берунаи ин ниҳод Ҳанитра Силвиа вохури анҷом дода шуд. Мавсуф зикр кард, ки дар доира барномаи мазкур дар соли 2024 бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкории судманд ба нақша гирифта  шуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ, Ниёзов Ш.Х.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top