Дастоварди илмии олими ҷавон

Бинанда: 730 | Санаи нашр: 06 Июн 2023

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар сафи олимону муҳаққиқони ҷавон рӯ ба афзоиш аст. Кадрҳои илмии ояндадору донишманди ин боргоҳи илму маърифат дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ рисолаҳои номзадиву доктории худро бомуваффақият ҳимоя менамоянд.

Аз ҷумла, 1-уми июни соли 2023 муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Давлатов Алиҷон Азизхонович дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-003-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Развитие теории и  практики раскрытия и представления финансовой информации в банковском секторе” бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Давлатов Алиҷон Азизхоновичро бо ин дастоварди илмиаш самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ ва омӯзгориаш барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top