Самтҳои рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон

Бинанда: 769 | Санаи нашр: 05 Июн 2023

31 – уми майи соли 2023 дар донишгоҳ зери унвони “Самтҳои рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он сардори Идораи суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Бобоев Б. Ф, роҳбарону кормандони ташкилоту ширкатҳои суғуртавии мамлакат ва олимони  соҳа иштирок намуданд.

Мизи мудавварро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар асоси қарори Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 09.11.2020 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии иштирокдорони ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта дода шудааст.

Мудири кафедраи андоз ва суғурта, дотсент Абдукарим Қурбонов низ фикру мулоҳизаҳояшро перомуни мавзӯи маврида назар баён кард.

Сипас Бобоев Б. Ф. дар мавзӯи “Фаъолияти суғурта, рушд ва мушкилоти он” ва Ашӯров Ғ. Д. дар мавзӯи “Роҳҳои такмили бозори суғурта дар шароити имрӯза” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Намояндагони ташкилоту ширкатҳои суғуртавӣ – Холниёзов И. А., Ҳотамов А. М. ва дигарон доир ба мушкилоти соҳа ва баланд бардоштани маърифати суғуртавии аҳолӣ сухан гуфтанд ва як қатор пешниҳодҳои муфид карданд, ки дар оянда ба пешравии соҳа мусоидат менамояд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top