ТАШРИФИ РЕКТОРИ ДДТТ БА ДИС ДДТТ

Бинанда: 492 | Санаи нашр: 16 Май 2023

15 – уми майи соли 2023 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо раванди таълиму тарбия, шароиту имкониятҳои таҳсил, вазъи муносибатҳои байналмилалӣ ва пояи моддӣ-техникии ин боргоҳи илму маърифат шинос гардиданд.

Хайрулло Назарзода бо директори донишкада, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. аз марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аккселератсия ва соҳибкории рақамӣ, инчунин, синфхонаҳои махсусгардонидашудаи компютерӣ, кафедраҳои факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, дар машғулиятҳои омӯзгорон бевосита иштирок карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top