РАДИО ВА НАҚШИ ОН ДАР ИНЪИКОСИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРОН

Бинанда: 546 | Санаи нашр: 16 Май 2023

Радио ҳамчун воситаи нави алоқа ва воситаи ахбори омма вобаста ба тараққиёти илмӣ, кашфиёт дар соҳаи физика ва электротехника ба миён омадааст. Олимони бузург Генрих Гертс, Оливер Лодж, Эдуард Бранли, Гуглелмо Маркони ва Никола Тесла дар ин самт кору фаъолият намудаанд. Олими машҳури рус Александр Степанович Попов нахустин шуда, дар ҷаҳон радиоприёмник ва передатчикро сохт. Кашфиёти ӯ ба рушду инкишофи ин соҳа дар оянда мусоидат намуд.

Имрӯз радио ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё мекунад.
Ҳоло беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат радио ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, такмили идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Радиошунавонӣ, аз як тараф, як ҷузъи ҷудонашавандаи низоми воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб рафта, аз тарафи дигар, ҳамчун низоми мустаъқили иттилоърасонӣ фаъолият менамояд. Ҳамчун як қисми низоми воситаҳои ахбори омма радио ҷойи аз ҳама фаъол ва дастрасро дар байни шунавандагони ВАО ишғол мекунад.

Дар остонаи ҳазорсола, аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри XX, дар натиҷаи ислоҳоти куллии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвару ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар ВАО - и Тоҷикистон равандҳои фаъоли дигаргуниҳо ҷараён доранд. Дар радиошунавонй чунин падидаҳо низ ба амал меомаданд: баъзе радиостансияҳо аз кор мемонанд, дигарҳо симои худро тағйир медоданд, дигарон аз нав ба вуҷуд меомаданд ва ҳоло ҳам чунин раванд идомадорад, эҷоди рақобати ҷиддӣ ба онҳое, ки дар бозор фаъолият мекунанд ба миён омадааст.

Радио яке аз муҳимтарин падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошад, ки дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши назаррас дорад. Арзиши радио ҳамчун восита алокаи оммавй на хамеша як хел буд: вай аз воситаи оддии радиошунавонӣ ба воситаи тавонои таъсиррасонӣ ба шуури одамон гузашт. Албатта, дар воқеиятҳои муосир ва шароити ҳокими ВАО, лаҳҷаҳо дигар шуданд, манфиатҳо ва афзалиятҳои шунавандагон тағйир ёфтанд. Аммо пахши барномањо дар низоми ВАО њоло њам мавқеи хосро ишѓол менамояд, зеро он дорои маљмӯи хусусиятњои хос аст, ки мавзӯи як қатор пажӯњишњои алоњидаи илмї мебошанд.

Дар шароити маҳдудияти имконоти иқтисодӣ радиошунавонӣ яке аз сарчашмаҳои дастрасу муҳими иттилоот ба ҳисоб меравад. Омӯзорон ва шахсоне, ки дар соҳаи таълиму тарбия фаъолият менамоянд, метавонанд аз барномаҳои пурмазмуни илмию адаби иттилои лозимиро гиранд ва дар фаолияти касбии худ истифода намоянд. Ин имконият медиҳад, ки радиошунавонӣ дар рушди фаъолияти омӯзгор аҳамияти бузург дорад.

Радиошунавонӣ ҳамон вақт дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсиррасон мегардад, ки барномаҳои пурмазмуну ҷолибро ба шунавандагони худ,  хусусан омӯзгорон пешниҳод намоянд. Дар акси ҳол ин намуди иттилоърасонӣ метавонад иттилои зидду ноқисро ба ҷомеаи шаҳрандӣ паҳн намуда, ба косташавии фаҳмиши қисме аз ҷомеаи шаҳрвандӣ оварда расонад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top