Дар доираи “Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон”

Бинанда: 524 | Санаи нашр: 11 Май 2023

11 – уми майи соли 2023 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз дастовардҳои варзишии омӯзгорону донишҷӯён, озмоишгоҳҳои фаннӣ, бонки таълимӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дидан намуданд.

Сипас дар толори асосии донишгоҳ ба муносибати Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони “Як рӯзи ҷавонӣ” чорабинии адабию маърифатӣ, фарҳангию сиёсӣ, иттилоотию тарғиботӣ ва илмию инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ализода ва хонандагони муассисаҳои зикршуда иштирок карданд.

Чорабиниро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз номи раёсати донишгоҳ иштирокдоронро ба ин боргоҳи илму маърифат хуш омадед гуфт ва перомуни ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти густардаи донишгоҳ ибрози андеша кард.

Дар идомаи чорабинӣ Умед Раҳимзода ва Далер Ализода доир ба Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории ин қишри фаъоли ҷомеа, нақш ва саҳми ҷавонон дар рушди кишвар сухан гуфтанд.

Умед Раҳимзода, инчунин, ба як зумра омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ барои ҳамкории судманд ва фаъолияти ҷамъиятӣ сипосномаю ифтихорномаҳои кумитаро тақдим кард.

Дар ин чорабинӣ озмуни “Тасвири беҳтарини пиряхҳо” ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин аз номи раёсати донишгоҳ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ – фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”, ки аз суруду рақсҳои ҷолиб иборат буд, ба ин чорабинӣ зебоиву таровати тоза зам намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top