МУҚОВИМАТ БО КАРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ДАСТАҶАМЪОНА

Бинанда: 562 | Санаи нашр: 07 Май 2023

Санаи 5-уми майи соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои банди 9 - уми  Нақшаи чорабиниҳои асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”,  инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, семинари омӯзишӣ бо ҳайати роҳбарон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шуд.  Семинарро  муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Саймаҳмуд Саидов ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки каррупсия ҳамчун амали номатлуби ҷомеа буда, муқовимат ба он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Сипас  сарнозири шуъбаи муқовимат бо каррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия Аҳлиддинзода Муҳриддин Айниддин  дар мавзуи “Муқовимат бо каррупсия омили муҳимми ташаккул ва инкишофи низоми муосири идоракунии давлатӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Баъдан маърӯзаи мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ н.и.ҳ., дотсент Фаррух Алиев  дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо каррупсия” шунида шуд.  Дар фарҷоми  семинар Саймаҳмуд Саидов ба сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каррупсия дар шаҳри Душанбе, полковники адлия Салимзода Сафар Ҳаким барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипосу миннадорӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top