Конференсияи III-юми байналмилалии илмию амалӣ дар

Бинанда: 625 | Санаи нашр: 29 Апрел 2023

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН КОНФЕРЕНСИЯИ III-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲУҚУҚ ВА ИҚТИСОД: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 28-29 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи III-юми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва иқтисод: масъалаҳои мубрами ҳуқуқи иқтисодӣ ва амнияти иттилоотӣ” бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ ва раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ баргузор гардид.

Кори конфронсро муовини ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шаропов Ф.Р. оғоз намуда, вобаста ба мақсади баргузории конференсия, ки ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи иқтисодӣ ва амнияти иттилоотӣ бахшида шудааст ибрози андеша намуд.

Сипас дар кори конференсияи байналмилалӣ Раҳимзода Маҳмад Забир – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  дар мавзӯи “Кодификатсияи қонунгузории маданӣ: таърих ва муосир”, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи “Институтҳои нав дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Исмаилов Шавқат Маҳмудович – профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ “Баъзе масъалаҳои рушди қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кокоулин Владислав Геннадевич – профессори кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи кооператсияи матлуботи сибири шаҳри Новосибирск дар мавзӯи “Мухолифатҳо дар Конститутсияҳои давлатҳои пасошӯравӣ” баромад намуданд.

Дар кори конференсияи байналмилалӣ маърӯзаҳои намояндагони муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон, кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, аспирантону магистрон дар масъалаҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ, ба монанди танзими маъмурӣ-ҳуқуқии расмиёти иҷозатдиҳи омили рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; баъзе масъалаҳои танзими маъмурӣ-ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; аъзе масъалаҳои нав дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон: иҷозатномаҳои озод ва миёнаравони иттилоотӣ; танзими ҳуқуқии амнияти иттилоотӣ; ҳамкориҳои  минтақавӣ  дар  самти пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм; масъалаҳои ҳуқуқии суғуртаи ҷавобгарии фаъолияти соҳибкорӣ; нақши созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ дар таъмини баробарии гендерӣ; принсипи «uti possidetis» дар ҳуқуқи байналмилалӣ; нақши судҳои иқтисодӣ дар эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражии хориҷӣ ва монанди инҳо муҳокима намуда, пешниҳодҳои дахлдорро ҷиҳати рушди илми ҳуқуқшиносӣ пешниҳод намуданд.

Бахши дуввуми конференсия таҳти роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Алиев Ф.Ш. дар бахшҳои алоҳида гузаронида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Фарҳод Шаропов ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтаво арзи сипос намуда, пайваста  баргузор намудани чунин конференсияҳои илмию амалиро хеле муҳимму зарурӣ донист.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top