ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАСИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ”

Бинанда: 561 | Санаи нашр: 29 Апрел 2023

Санаи 27 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорон ва муовинони ректор оид ба илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Дар анҷоми ҷаласа муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед ба ғолибони озмун диплом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравиро супориданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни мазкур ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, соҳиби 2 ҷойи якум, 1 ҷойи  сеюм ва 2 ифтихорнома гардиданд:

  1. Убайдзода Муҳаррама – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 23010103 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ – ҷойи 1-ум дар бахши сиёсатшиносӣ;
  2. Дилрабои Абдуқаҳҳор – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 96010100 – хадамоти гумрукӣ – ҷойи 1-ум дар бахши гумрук;
  3. Азизов Абдумалик – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 25010705 -иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо – ҷойи 3-юм дар бахши андоз;
  4. Насридинова Мехрона Шамсовна – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 24010100- молия ва қарз бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон;
  5. Шоева Фараҳноз - донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 23010103 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Раёсати донишгоҳ ҳамаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро табрик намуда, дар фаъолияти таълимӣ ва илмию таҳқиқотии онҳо муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top