Душанбе – шаҳри осоиши дилҳо

Бинанда: 600 | Санаи нашр: 17 Апрел 2023

14 – уми апрели соли 2023 дар донишгоҳ муаллими калони кафедраи андоз ва суғуртаи факултети молия ва қарз Садафмоҳ Ҳамидова дар мавзӯи “Душанбе – шаҳри осоиши дилҳо” дарси кушоди тарбиявӣ баргузор намуд, ки дар он масъулин ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандӣ иштирок намуданд.

Садафмоҳ Ҳамидова дарсро оғоз намуда, доир ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша кард.

Сипас донишҷӯ Амир Маҳмудов дар мавзӯи зикршуда қироати шеър ва маърӯзаи ҷолиб намуд.

Донишҷӯ Фаридун Раҳматов доир ба таърих, мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим, сарватҳои табиӣ, олами ҳайвоноту растаниҳо ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи шаҳри Душанбе сабти видеоӣ пешниҳод кард.

Донишҷӯ Муҳаммадюсуф Кабиров низ дар ҳамин мавзӯъ ба забони русӣ маърӯза намуд.

Инчунин, як гурӯҳ донишҷӯён ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шеър хонданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ сардори раёсати тарбия Сайфулло Авғонов дар бораи рушду ободии шаҳри Душанбе ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ибрози андеша кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top