Низоми назорати содиротӣ дар ҷумҳурӣ

Бинанда: 593 | Санаи нашр: 14 Апрел 2023

13 – уми апрели соли равон дар донишгоҳ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзӯи “Низоми назорати содиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмию назарявӣ баргузор гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, фикру мулоҳизаҳояшро дар доираи мавзӯи матраҳшаванда иброз кард.

Сипас намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Ассосиатсияи ҳимояи биологӣ”, дотсент Акрам Раҳматов дар мавзӯи “Системаи назорати содиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, намояндаи ниҳоди зикршуда, доктори фанҳои биологӣ, профессор Фирӯза Носирова дар мавзӯи “Амнияти биологӣ”, дотсенти кафедра Лоиқ Бӯриев дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии низоми назорати содиротӣ дар ҷумҳурӣ” ва мудири кафедра, дотсент Суҳбатулло Ҳикматов дар мавзӯи “Татбиқи фанни тахассусии назорати содиротӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Профессорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раҷаб Раҷабов ва Нозимҷон Нидоев зимни музокира андешаҳояшонро перомуни мавзӯи мавриди назар баён карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top