Тоҷикон дар оинаи таърих

Бинанда: 840 | Санаи нашр: 14 Апрел 2023

12 – уми апрели соли равон дар китобхонаи илмии донишгоҳ ба муносибати 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров доир ба асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва академик Б. Ғафуров “Тоҷикон” конференсияи илмии донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он муҳассилини курси сеюми ихтисоси менеҷмент дар сайёҳии факултети молия ва қарз иштирок намуданд.

Маҳфилро мудири кафедраи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти бузурги асарҳои зикршуда дар боло бурдани худшиносиву ифтихори ватандории ҷавонон ибрози андеша кард.

Сипас донишҷӯён Париноз Қудратзода, Шаҳром Раҷабов, Фаридун Раҷабов, Гулинор Зокирзода, Фарҳодҷон Ғаниев ва Самариддин Сафаров дар доираи мавзӯи “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо маърӯзаҳои ҷолиб суханронӣ намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top