ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН – МАНБАИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бинанда: 802 | Санаи нашр: 13 Апрел 2023

Табиат чун омили бузурги ҳастиву ҳаёти инсон аз қадимулайём ба тозагиву нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, пойдорӣ ва дарозумрии захираҳои табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо дар дасти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Пиряхҳо ягона захирае барои ободиву шукуфоии дунё мебошанд, ки ҳифз кардани онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон аст.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои омори байналмилаллӣ, дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор метри мураббаъ баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳати онҳо ба 11146 метри мураббаъ баробар мебошад ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар гирифтааст.

Макони ҷойгиршавии пиряхҳои Тоҷикистон асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой мебошад. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 метр ҷойгир шудаанд.

Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 метри кубӣ баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 метри мураббаъ танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, ҳар сол ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин аз қабили Федченко (651,7 метри мураббаъ), Грумм-Гржимайло (143 метри мураббаъ), Гармо (114,6 метри мураббаъ) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 метри мураббаъ - ро фарогиранд дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон бо номҳои Исмоили Сомонӣ (7495 метр) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134 метр) ҷойгир мебошанд.

Ғайр аз ин бузургтарин пирях дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи пиряхи Федченко маъруф аст, ки яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор меравад, дарозии он 77 метри мураббаъ ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Ин пирях аз қуллаи Инқилоб дар нишебии шимолии қатораҳои Язғулом ибтидоъ гирифта, то ба дарозии қатораҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтӯдаҳо 992 метри мураббаъ -ро ташкил медиҳанд. Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ 4650 метрро ташкил менамояд.

Пас биёед даст ба дасти ҳам гирифта, барои ҳифозат аз хатари обшавии ин неъматҳои Худодод кӯшиш ба харҷ диҳем!

Раҷабов Олимхон Ҷӯрахонович, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молия ва қарзи ДДТТ, доктор PhD

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top