Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 669 | Санаи нашр: 06 Апрел 2023

5 – уми апрели соли 2023 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати донишгоҳ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум иштирок намуданд.

Донишҷӯён дар ин сабқати зеҳни  фаъолнокӣ ва донишу маҳорати хуб нишон доданд. Масъулини озмун дар ҳайати муовини декан оид ба илм, номзади илмҳои иқтисодӣ Муқбил Мариншоев, мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Фатҳуддин Шамсов ва омӯзгорони ҳамин кафедра баъди таҳлилу баррасии ҷавобҳои донишҷӯён ғолибонро муайян карданд.

Ғолибон ба даври дуюми озмун, ки дар донишгоҳ доир мегардад, роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top