Ба муносибати Рӯзи ханда

Бинанда: 699 | Санаи нашр: 04 Апрел 2023

1 – уми апрели соли 2023 дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ ҷонишини декан оид ба тарбия Нигора Марупова дар мавзӯи “Зарофат ва зарофатгӯӣ” дарси кушоди тарбиявӣ баргузор намуд, ки дар он донишҷӯёни курси якум ва ҳаҷвнигори шинохтаи театр – студияи “Ғарибшо – компания” Саидаҳмад Холов иштирок карданд.

Нахуст Нигора Марупова ба дарс ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ханда, ки ҳамасола ба якуми апрел рост меояд, шодбош гуфт ва дар бораи ҳаҷву ханда  ва таъсири мусбати он ба рӯҳу равони инсон ибрози андеша кард.

Сипас Саидаҳмад Холов перомуни фаъолияти театр – студияи зикршуда ва аҳаммияти ҳачву ханда дар ҷомеаи муосир суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки аслан ҳаҷв тарбия аст ва он чизеро, ки ба пешравии ҷомеа халал мерасонад, бояд ба воситаи ҳаҷву танз ислоҳ кард.

Мавсуф, инчунин, ба суолҳои донишҷӯён посух гуфт.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top