Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар

Бинанда: 728 | Санаи нашр: 01 Апрел 2023

Дар доираи лоиҳаи «MIETC - Таҳияи барномаи магистрӣ дар соҳаи менеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон гузаранда» як гурӯҳ омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи Дегли Студи ди Наполи Федерикои Италия сафар карда буданд. Ба ин ҳайат омӯзгорони зерин дохил буданд: муовини якум, муовини ректори оид ба таълим номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Саидов С.С., доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Х., мудири кафедраи андоз ва суғурта, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Курбонов А.Р., котиби масъули маҷаллаи илмии донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Султонов З.С., мудири кафедраи иқтисодиет ва ташкили соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Алимов К.К., корманди раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Амонов С.С. ва омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Қодирова Замира.  

Дар рафти семинари омӯзишӣ, ки аз 20-ум то 24-уми марти соли 2023 идома ёфт, профессорони донишгоҳи мазкур барои ҳайати омӯзгорони ДДТТ дар доираи мавзӯъҳои “Усулҳои таҳқиқот ва таҳлили нишондаҳандаҳо”, “Идоракунии занҷираи таҳвили молҳо”, “Ҷойгиркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ”, “Ташкил намудани соҳибкорӣ”, “Таҳлили молиявӣ”, “Банақшагирӣ ва назорати истеҳсолот” дарс гузаштанд. Омӯзгорони донишгоҳ аз ин дарсҳо доир ба мавзӯъҳои матраҳшуда маълумоти муфассал гирифтанд.

Намояндагони донишгоҳ бо ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишгоҳи Донишгоҳи Дегли Студи ди Наполи Федерикои Италия, ки таърихи 800 сола дорад ва яке аз донишгоҳҳои бонуфузи на танҳо кишвари Италия, балки Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад, суҳбату вохӯриҳои зиёд доштанд. Дар оянда таҷрибаи ин донишгоҳ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад ва ҳамкориҳои тарафайн тавсия меёбанд. Роҳбарони сохторҳои таркибии донишгоҳи зикршуда андешаҳои худро дар самти истифодаи технологияхои нав дар ҷараёни таълим баён намуданд.  Меҳмонон, инчунин, бо ҷараёни машғулиятҳо шиносоӣ пайдо намуда, аз китобхонаи донишгоҳ дидан намуданд.

Барои такмил додани сифати таҳсилот, барномаҳои таҳсилотӣ ва коркарди барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои давлатҳои дорои иқтисоди гузаранда, омӯхтани таҷрибаи Донишгоҳи Дегли Студи ди Наполи Федерикои Италия зарур аст.  

Боварии комил дорем, ки таҷрибаи андӯхтаи омӯзгорони донишгоҳ барои такмили барномаҳои магистрӣ дар самти иқтисодӣ натиҷаи назаррасро ба бор меоварад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top