Масоили мубрами иқтисоди меҳнат ва идоракунии кормандон

Бинанда: 779 | Санаи нашр: 30 Март 2023

30 – юми марти соли 2023 дар донишгоҳ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, кафедраи менеҷмент ва иқтисоди меҳнат дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами иқтисоди меҳнат ва идоракунии кормандон” конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар оғози конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов доир ба баъзе масоили муҳимми илмию иқтисодӣ ва мавзӯи мубрами баррасишаванда ибрози андеша кард.

Сипас муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ба кори он барору комёбӣ орзу намуд.

Дар идомаи чорабинӣ профессори кафедраи фаъолияти гумрукии донишгоҳ Раҷаб Раҷабов дар мавзӯи “Самтҳои асосии рушди бозори меҳнат ва шуғли пурмаҳсули аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карда, фикрҳояшро доир ба рушди иқтисоду инноватсия, шуғли пурмаҳсул, бозори меҳнат, такмили инфрасохтори давлатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва дигар масоили мубрами иқтисодию иҷтимоӣ баён кард.

Дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Дилором Сайдуллоева дар мавзӯи “Модели таъсири самаранокии хизматрасонӣ ба сифати ҳаёт” баромад карда, зикр намуд, ки сифати хизматрасонӣ муайянкунандаи сифати ҳаёт аст ва сифати зиндагӣ аз амалӣ шудани ниёзмандии шахс бармеояд.

Профессори кафедраи менеҷмент ва иқтисоди меҳнат Мунаввар Саидова ва профессори кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкории донишгоҳ Маҳмадназар Ҷамшедов дар мавзӯъҳои “Кадровое обеспечение учреждений высшего профессионального образования Республики Таджикистан” ва “Татбиқи амалии ислоҳоти иқтисодӣ дар самти таъминоти кадрии бозори истеъмолӣ ва савдо” суханронӣ намуда, фикрҳояшонро перомуни нақши кадрҳо дар иқтисоди миллӣ, потенсиали кадрии муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, бозори молҳои истеъмолӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва дигар масоили муҳим изҳор намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Фарҳод Шаропов ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтаво арзи сипос намуда, пайваста  баргузор намудани чунин семинару ҳамоишҳои илмию амалиро хеле муҳимму зарурӣ донист.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top