Аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо

Бинанда: 705 | Санаи нашр: 30 Март 2023

Ниёгони  мо аз давраи қадим нисбат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон эътибори хосса медоданд, ба онҳо илму дониш ва малакаву кордониро меомӯхтанд. Махсусан, диққати асосии онҳо ба омодагии ҷавонон ба аспсаворӣ, шамшерзанӣ ва маҳорати ҷанг баҳри ҳифзи Ватан равона шуда, баъди супоридани санҷишҳои махсус онҳо ҳамчун ҷавони комил эътироф мегардиданд.

Мушкилоти таъсири ғояҳои ватандӯстӣ ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ зарурати омӯзиши муфассали категорияи «ватандӯстӣ», алалхусус моҳият, хусусиятҳо ва арзишҳои онро муайян мекунад. Далелҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи тарбияи ватандӯстӣ, ҳамчун як принсипи муттаҳидкунандаи халқи тоҷик баромад мекунанд, зеро шаҳрвандонро ба эҳтироми меъёрҳои қонун, амалисозии ҳуқуқҳо, иҷрои самараноки вазифаҳо ва рафтори ҳуқуқӣ ташвиқ менамоянд ва дар ин раванд ба ташаккул ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон таъсир мерасонанд. Бинобар ин, тарбияи ватандӯстӣ дар айни замон ҳамчун яке аз вазифаҳои пешбари давлат муайян карда мешавад. Тарбияи ҳувияти ватандорӣ пеш аз ҳама дар муҳити ҷавонон зарур мебошад, зеро соҳибихтиёрӣ ва давлатдории ҳар як миллат маҳз аз ҷавонон вобаста мебошад. Аҳамиятнокии тарбияи ватандӯстӣ мунтазам дар сатҳи олии кишвар қайд мегардад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин иброз намуданд: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад» .

Ҳамин аст, ки қонуни махсус дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24 – уми  декабри соли 2022 №1920 қабул гардид. Қонуни мазкур пурра муносибатҳоро вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ  танзим менамояд. Зарурияти танзими қонунии тарбияи ватандӯстиро мо дар тадқиқотҳои худ   пешниҳод намуда будем.            

Танҳо тавассути таълимоти якҷояи фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ, ки дар низоми рушди фарҳанги ҳуқуқии Тоҷикистон ифода мегардад, ба ташаккули сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва ваҳдати миллӣ тавассути татбиқи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда расидан мумкин аст.

Умумияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстӣ дар иҷрои амалҳо марбут ба татбиқи қонунгузорӣ ва риояи қоидаҳои дар ҷомеа муқарраргардида аз ҷониби ҷавонон зоҳир мешавад. Дар он ҳолат шуури ҳуқуқии ҷавононро ҳамчун шуури баланд тавсиф кардан мумкин аст, ки агар он ба донишҳои баланди ҳуқуқӣ, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҳуқуқӣ, иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ ва ба эҳтироми қонун асос ёфта бошад.

Фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ва ватандӯстии онҳо дорои таркиби ягонаи арзишҳои зерин мебошанд: одатҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳуқуқӣ, муносибати равонӣ, дониши ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, интизоми меҳнат, дарки масъулияти ҳуқуқӣ ва ғайра.

Ватандӯстӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ тафовут ва умумияти хоссаи худро доро мебошанд. Асосан тафовути ин ду падида вобаста аз баромади онҳо мебошад. Фарҳанги ҳуқуқӣ дар асоси фаҳмиши ҳуқуқ ва қонун ва умуман донишҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Ватандӯстӣ бошад, дар заминаи дӯст дошатани Ватан ва арҷгузории он ба вуҷуд омада, рушд мекунад. Мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ васеъ буда, ватандӯстиро низ фаро мегирад.

 Арзиши ватандӯстӣ дар фарқияти он аз фарҳанги ҳуқуқӣ дар тасаввуроти шахсият оид ба худшиносии миллӣ, ки яке аз онҳо арҷгузорӣ ба ёди ниёгон мебошад, зоҳир мегардад. Дар навбати худ арҷгузорӣ ба ниёгон низ аз фарҳанги баланди ҳуқуқӣ гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол, яке аз вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, ин худро масъул донистан дар назди гузаштагони худ мебошад. Дар дебочаи Конститутсия муайян гардидани масъулият оид ба арҷгузорӣ ба гузаштаи миллат, бевосита аз робитаи наздики ватандӯстӣ бо фарҳанги ҳуқуқӣ гувоҳӣ медиҳад.

Умумияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва  ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар ташкили фаъолияти таълимӣ зоҳир мешавад. Ватандӯстӣ ҳамчун воситаи рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, муайян кардани ҳудуди рафтори ҳуқуқии шахс, тавассути тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Ватандӯстӣ, инчунин ҳамчун барангезандаи рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ мусбат бо ёдоварии хотираи гузаштагон баромад менамояд. Фарҳанги ҳуқуқӣ падидаест, ки тамоми дастовардҳои миллии ҷомеаро дар соҳаи донишҳои ҳуқуқӣ ва таълимоти ҳуқуқӣ дар бар мегирад. Сиёсати муттаҳидсозӣ ва рушди тарбияи ватандӯстии ҷавонон бошад, равандест, ки ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқии онҳо дар ҷомеа ва таъмини доимии ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ, бозгашти онҳо ба наслҳои оянда, фаҳмиши қонунҳо ва риояи онҳо мутобиқи принсипҳои меъёрӣ мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, тавассути муроҷиат ба рӯйдодҳои гузашта ва эҳтиром ба амалҳои наслҳои гузашта, ки боиси рушди давлат ва ҷомеа гаштаанд, рафторе тарбия карда мешавад, ки ба меъёрҳои ахлоқ ва одоб, ҳуқуқ ва қонун мувофиқат кунад, ки ин бевосита хизмати ватандӯстӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

 Самти муайянкунандаи ҳамоҳангии фарҳанги ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ, такмил додани шуури ҳуқуқӣ тавассути тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба ҷавонон мебошад. Дар маҷмӯъ зиддиятҳо байни фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ва ватандӯстии онҳо вуҷуд дошта наметавонад, зеро фарҳанги ҳуқуқӣ ҷамъи дастовардҳои ҳуқуқ аст. Ватандӯстӣ бошад, арзиши фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

Мо, тағйирёбии вазъи мавҷударо дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ба инобат гирифта, ба барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстӣ дохил намудани маълумот дар бораи натиҷаҳои мусбат ва манфии барномаи қаблӣ; миқдори чорабиниҳои амалишаванда ва бекоршуда; сабабҳои амалӣ нагаштани онҳо; нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ; шаклҳои тарбияи ватандӯстӣ; ошкор намудани вазифаҳо ва зерсупоришҳо аз шакл ва усулҳои тарбияи ватандӯстӣ, сатҳи возеҳи самтҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ғайраро зарур мешуморем.

Дар заминаи таҷдиди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдоиши институтҳои нави ҳуқуқӣ, дар назди давлат вазифаҳои нав дар самти ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ба миён меоянд. Дар ҳама давру замон чунин як арзиш ватандӯстӣ буд, ки он яке аз асосҳои марказии маънавию ахлоқиро ташкил дода, қобилияти муттаҳид сохтани ҷомеа ва рушди онро бо ёрии арзишҳои ҳуқуқӣ дорад. Ҷалби ҷавонон ба бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ барои устувор намудани рукнҳои давлатдории Тоҷикистони навин мусоидат менамояд.

Дар рушди ҷомеаи муосир ватандӯстӣ нақши назаррас дошта, ба рушди маънавӣ ва ахлоқии шахс таъсир мерасонанд ва сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тамоми аҳолиро баланд мебардоранд. Фаъолгардонии андешаи ватандӯстӣ дар ҷомеа аз мавҷудияти манфиатҳои шахс ва қобилияти дарки арзишҳои умумии фарҳангӣ вобаста буда, ба азхудкунии он шаклҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат мекунанд. Ҳадафи таъсиси низоми тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ бо истифода аз ғояҳои ватандӯстӣ мебошад.

Ҳамин тавр, ватандӯстӣ:

1) барои ҷавонон – дар тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳо, инчунин тарбия намудани ҷавонони фаъоле, ки метавонанд дар оянда ба давлат ва миллати худ хизмат намоянд, ифода меёбад;

 2) барои ҷомеа – дар тарбияи эҳтироми шахс ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамдигар, муносибати одилонаи давлат ба рафтори аъзои ҷомеа инъикос меёбад;

3) барои давлат – дар кафолатҳои ҳимоя ва таҳкими сохти конститутсионӣ ва ваҳдати миллии он зоҳир мегардад;

 4) барои ҳуқуқ – дар масъул намудани ҷавонон ба риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, рафтори қонунӣ, татбиқи қонунҳо, иҷрои вазифаҳои конститутсионии ҳар як ҷавон дар ҷомеа ва давлат ифода меёбад;

5) барои шуури ҳуқуқии ҷавон ва мавқеи он дар ҷомеа – дар зоҳирнамоии ҷавонон худро ҳамчун фарди дорои шуури баланди ҳуқуқӣ ва миллӣ дошта, ҷойгоҳ ва нақши ҷавон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми ҳуқуқӣ зоҳир мегардад;

6) барои фарҳанги ҳуқуқӣ – дар мусоидат намудан ба қобилияти бедор намудани завқ ба рафтори намунавии ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон мусоидат мекунад, ифода мегардад.

Алиев Фаррух Шарифович, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ  ва зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top