Маҳфили илмии “Ҳуқуқшиноси ҷавон”

Бинанда: 609 | Санаи нашр: 30 Март 2023

28 – уми марти соли 2023 дар доираи нақшаи аз тарафи раёсати илми донишгоҳ тасдиқгардида кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ маҳфили навбатии “Ҳуқуқшиноси ҷавон” – ро дар китобхонаи илмии  донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ баргузор намуд.

Муаллими калони кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Т. Ғайратов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки донишҷӯён бояд  тартиби истифодаи каталогҳоро биомӯзанд ва барои омода намудани маърӯзаҳо, корҳои мустақилона, рефератҳо, корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм аз китобҳои илмии донишгоҳ истифода баранд.

Сипас донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 24010104 Суннатзода Умедҷон дар мавзӯи “Бедарак ғоиб ва фавтида эълон кардани шаҳрванд” (роҳбари илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ У. Меликов), донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 24010104 Талабов Ҳисайн дар мавзӯи “Принсипҳои ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ” (роҳбари илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф. Абдуллоев) ва донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 24010104 Зубайдов Садриддин дар мавзӯи “Дастгоҳи давлат” (роҳбари илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф. Алиев) бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фарҳод Ҷабборов зимни музокира муҳим будани мавӯҳои баррасишударо асоснок намуда, аз таҷрибааш мисолҳо овард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top