ДАРСИ НАМУНАВИИ ОМӮЗГОРИ КАФЕДРАИ МЕНЕҶМЕНТ ДАР ДОНИШГОҲИ КАДИСИ ИСПАНИЯ

Бинанда: 844 | Санаи нашр: 28 Март 2023

Омӯзгори кафедраи менеҷмент номзади илмҳои иқтисодӣ, Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич аз 19 то 26 марти соли 2023 дар доираи барномаи табодули академии Erasmus+ KA107 ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи Кадиси Шоҳигарии Испания сафари хидматӣ дошт.

Номбурда ба ҳайси лектор дар якчанд гурӯҳҳои академӣ-бакалаврии бахши сайёҳӣ донишгоҳи мазкур дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми иқтисоди сабз" дарси намунавӣ гузашт.

Ҷаҳонгир Машокиров зимни машғулиятҳо ва семинар-тренинг аз намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, кӣ аз Арманистон, Хорватия, Черногория, Булғористон, Италия, Лаҳистон, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Литва, Фаронса, Австрия, Латвия,  Индонезия, Испания буданд, даъват намуд кӣ дар доираи лоиҳаҳои гуногуни таҳсилотӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омодаи ҳамкорист.

Инчунин, иштирокдорони ин чорабинӣ ба самтҳои сайёҳӣ, менеҷмент, иқтисоди рақамӣ, тадқиқоти маркетингӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ, иқтисоди корхона таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Иштирокдорон инчунин, аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои замонавии дорои стандарти ISO, кафедраҳо, факултетҳо, ва якчанд институтҳои тадқиқотии Донишгоҳи Кадис дидан намуданд.

Иштироки дар барномаи Erasmus+ ба рушди тавсеаи ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, кӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо Донишгоҳи Кадиси Шоҳигарии Испания шартномаи ҳамкорӣ идома дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top