Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм

Бинанда: 632 | Санаи нашр: 28 Март 2023

28 – уми марти соли 2023 дар донишгоҳ аз рӯи нақшаи раёсати таълим ва шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият дар мавзӯи “Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм” семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони таҷрибаомӯзии пеш аз рисолаи хатм ва хатмкунандагони тамоми ихтисосҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба қарзи академии донишҷӯён ва ҷалби хатмкунандагони хоҳишманд ба хидмати ҳарбӣ ибрози андеша кард.

Сипас директори ширкати сайёҳии “Сайри бӯстон” Қаҳрамон Иноятов перомуни ҳамкориашон бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла таҷрибаомӯзии истеҳсолии хатмкунандагон ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ сухан гуфт.

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов дар бораи аҳаммияту зарурати омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби хатмкунандагон ба магистратураи донишгоҳ баёни афкор намуд.

 Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов низ зимни суханронӣ дар бораи усулҳои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии  хатмкунандагон ва ҳамкориҳои донишгоҳ бо корхонаву муассисаҳои шакли моликияташон гуногун андешаронӣ кард. Ӯ ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм (аз 13 – уми апрел то 15 – уми май) дар сатҳи баланд ва бомуваффақият доир мегардад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top