Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз

Бинанда: 610 | Санаи нашр: 20 Март 2023

Омӯзгорон, командон,  донишҷӯён ва меҳмонони  арҷманд!

Ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқҳои ориётабор-Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.

13 сол муқаддам, яъне 19-уми феврали сорли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Ҷашни байналмилалии Наврӯз” қатънома қабул карда, 21-уми мартро ҳамчун  ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Боиси ифтихор аст, ки ин иқдом бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Озарбойҷон, Туркия ва дигар кишварҳои ҳавзаи наврӯз  амалӣ гардид.

Имрӯзҳо ҷашни Наврӯзро дар сарзамини Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Эрон, Гурҷистон, Македония, Туркия, Муғулистон ва бархе аз кишварҳои дигар низ дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.

Дар кишвари мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол 21-ум, 22-юм, 23-юм ва 24-уми март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидааст. Ҷашни мазкурро дар аксарияти  минтақаҳои Ҳиндустону Покистон низ дар сатҳи миллӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ,

Лозим ба ёдоварист, ки дар бобати ҷаҳонӣ гаштани ҷашну маросимҳои миллӣ, аз ҷумла мақоми байналмилалиро касб намудани қадимтарин ҷашни миллиамон-Наврӯзи оламафрӯз хизматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Воқеан, бостоншиносону муаррихон бо далелҳои воқеии илмӣ собит намудаанд, ки Наврӯз умри беш аз 6-ҳазорсола дошта, ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, кишту кори деҳқонон, ҷашни на танҳо инсонҳо, балки ҳама мавҷудоти олам низ мебошад. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад”.

Ҳозирини арҷманд,

Дар воқеъ, Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.          

Наврӯз нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози Соли нави аҷдодӣ, баробаршавии шабу рӯз, тантанаи ҳусну тароват ва муждаи файзу баракат аст, ки бо ташрифи худ ба ҳар як хонадон шодию нишот меоварад. Дар миёни халқҳои ҷаҳон Наврӯз ягона ҷашнест, ки на дар робита бо омилҳои зеҳнӣ, балки дар заминаи омилҳои айнӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ибораи дигар гӯем, Наврӯз дар сатҳи худ ниёзе ба пардозҳои сунъӣ ва расмиёти таҷлили қолабӣ надорад.

Наврӯз айёмест, ки таъсири Хуршеди ҳаётбахш меафзояд. Баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад. Наврӯз чун арӯси сол талу теппаҳоро бо қолинҳои махмалини сабзаву сияҳгӯшу лола оро медиҳад. Абри найсони баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаҳову рӯдҳои софу мусаффо бо беқарориву ҷӯшу хурӯш ғазалхон ҷорӣ мешаванд. Мардум бо дилу нияти пок ва шукргузорӣ аз давлати ободу озоди худ содиқона меҳнат намуда, баҳри ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат мебанданд.

Ҳозирини гиромӣ,  

Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар, ҳамаи Шумоёнро ба ин рӯзи зебои фасли сол табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки  Наврӯзи хуҷастапай ба Шумо - меҳмонони арҷманд,  профессорону омӯзгорон,  кормандону донишҷӯён ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон барору комёбӣ, файзу баракат ва шодию нишот биёрад.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод.

    

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top