ДАР ПЕРОМУНИ МАСОИЛИ МУҲИМ

Бинанда: 686 | Санаи нашр: 17 Март 2023

Имрӯз (16.03.2023) дар донишгоҳ сардори раёсати иҷрои қонунӣ будани сандҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Сафаралӣ  Мирзозода бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор намуд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, доир ба муҳиммияти масоили матраҳшаванда изҳори андеша кард.

Сипас Сафаралӣ  Мирзозода зимни суханронӣ фикру мулоҳизаҳояшро доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ дар кишвар ва ворид нагардидани ҷавонону наврасон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву ифротгаро баён кард ва ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top