Таҷлили Рӯзи Модар

Бинанда: 676 | Санаи нашр: 06 Март 2023

Имрӯз (6-уми марти соли 2023) дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, нақши онҳоро дар тарбияи насли наврас, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, омода кардани мутахассисони баландихтисос, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд ва афзуд, ки Зан-Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Сипас намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Иброҳимзода аз номи раиси ниҳоди зикршуда –Абдулло Раҳмонзода бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, перомуни бузургии модар, меҳру муҳаббати беандозаи ӯ нисбат ба фарзанд, чароғи хонадон будани зан ва нақшу саҳми афзуни бонувон дар рушди инкишофи ҷомеаи имрӯза сухан гуфт.

Дар идомаи ҷамъомад Хайрулло Назарзода ба бонувони донишгоҳ – Мумтоз Назирӣ ва Гулҷаҳон Ниёзбекова, ки рисолаҳои илмиашонро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва педагогӣ гардида буданд, ба миқдори чор ҳазор сомонӣ (ба ҳар яки онҳо) маблағи пулӣ тақдим кард.

Инчунин, Амирбек Иброҳимзода аз номи раиси кумита ба чанде аз бонувони фаъоли донишгоҳ барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар тадбирҳои фарҳангию маърифатӣ сипоснома супорид.

Аз номи раёсати донишгоҳ ба ҳунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ – Марям Исоева низ, ки дар омода намудани барномаҳои фарҳангии ДДТТ саҳми шоиста мегузорад, сипоснома тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангие, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ омода гардида, фарогири мавзӯи модар, меҳру муҳаббати поку самимӣ ва садоқати бепоёни ӯ нисбат ба фарзанд буд, ба ҷамъомади имрӯза зебоию шукӯҳи тоза зам намуда, табъу хотири аҳли толорро хушу болидатар гардонид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top