Модар ганҷинаи бебаҳо ва пайвандгари наслҳо

Бинанда: 666 | Санаи нашр: 06 Март 2023

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан – Модар ганҷинаи бебаҳо пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ ва нахустин муррабӣ мебошад. Модар аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш меомӯзад. Беҳуда нагуфтаанд, ки волотарин гавҳари дунё танҳо модар аст. Чуноне, ки Низомии Ганҷавӣ дар мавриди мақому манзалат ва бузургии модар гуфта буд:

Ҷаннат, ки ризойи мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризойи ҳақ биҷӯйӣ,

Он кун, ки ризойи модарон аст

 Бале модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани ҷигарбандаш,  нури чашмонаш саъю талош менамояд.Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.

Оре, дар бораи меҳру муҳаббати модар нисбати фарзанд, зиндагии осоишта чӣ қадар суханони зебо, муқаддас ва дилнишин аз ҷониби нависандагону шоирону бузургон гуфта шудаанд ва гаҳе , ки калимаи модарро ба забон мегирем, пеши назарамон шахси нуронӣ, бениҳоят меҳрубон ва ғамхор намудор мегардад. Ин нур дар мо бовариро ба равшанӣ, оромӣ, зиндагии хушбахтона, муҳаббату садоқат ба диёри куҳанбунёд ва рушди босуботи кишвар устувор мегардонад. Албатта, модар офарандаи ҳаёт, ноёбтарин ва азизтарин шахс дар дунё маҳсуб меёбад. Гуворотарин ва зеботарин сухан ин каломи модар аст. Меҳру муҳаббати ӯ, ба монанди хуршеди оламафрӯзест, ки ба тамоми одамони кураи замин равшанӣ ва умед ба фардои дурахшон мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз намудаанд, ки: “Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад”. Бале, модар сарчашма ва идомабахши зиндагист, зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Бузургон гуфтаанд: “Дар хонае зан-модар нест, хушӣ ва рушноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин, занон шамъу чароғи хонадонанд ва асоси пойдории меҳру муҳаббат дар оила мебошанд. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан натанҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мост.

Воқеан, тавассути сиёсати бунёдкорона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар пайвастани занон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки тибқи ин сиёсат занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳимми ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ эътироф менамоянд ва барои ҷалби онҳо амалишавии онҳо тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ  муҳайё карда шудааст.

Барои баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақил, саҳми модарон беандоза зиёд аст. Модар бо як меҳру муҳаббат фарзандонро тарбия намуда, ба воя мерасонад. Чуноне, ки Устоди каломи бадеъ - Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтаанд:

 Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷу умед инҷо,

Ки хунҳо мехӯрад то шир мегардад сафед инҷо.

Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст.Модар офарандаи ҳаёт,ганҷинаи бебаҳо  пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.

Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдориҳо мебошад, зеро ӯ сарчашмаи ҳаёт, равшангари бахту саодат, мунису ғамхор, меҳрубону боиззат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад. Бо меҳрубониҳояш ба зиндагӣ таровату ҳусни нотакрор мебахшад.

Хулоса, арҷгузорӣ ва эҳтироми модарон қарзи фарзандии ҳар яки мо буда, бояд доимо омодаи хидматашон бошем. Ва неку  муборак бод бузургдошти рӯзи Модар ва ҳамеша  бо ин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки тамоми бузургони олам пеши модарон сар фуруд меоранд, зиндаву саломат бошанд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!!!

Сафарзода Усмон, ассистенти кафедраи иқтисодиёти  ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top