Семинари илмӣ-амалӣ

Бинанда: 700 | Санаи нашр: 03 Март 2023

3 – юми марти соли 2023 дар донишгоҳ семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Ташабусҳои байналмилалии Президенти кишвар мутарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон, баргузор гардид. Дар семинар вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо мавзӯъҳои мушаххас баррасӣ шуда, мавриди мубоҳиса қарор гирифтанд.              

Семинарро бо суханронии ифтитоҳӣ сардори раёсати илм ва инноватсия д.и.ҳ., профессор Некрӯз Қудратов ҳусни оғоз бахшида, суханро ба директори Маркази рушди инноватсионӣ, илм ва технологияи нави Академияи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Анвар Қодиров во гузошт. Қодиров А.С., дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳолати пиряхҳо ва реҷаи гидрологии дарёҳо” суханронӣ намуд.

Сипас н.и.т., и.в. дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ  Ҳабибулло Мақсадов дар мавзӯи “Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тагйирёбии иқлим ва ҳифзи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ” ва муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Ҳалима Назарамонова дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмазмун карда, доир ба ҳалли масъалаи баррасишуда андешаҳояшонро баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top