Нишони тиллоӣ Эмомалӣ дар Tashkent Grand Slam 2023

Бинанда: 818 | Санаи нашр: 03 Март 2023

Ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон дар соли 2022 ва қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2023 дар вазни то 66 кг – Эмомалии Нуралӣ дар рӯзи якуми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023  тавонист барои Тоҷикистон нишони тилло ба даст биёрад.

Дар даври ниҳоии мусобиқа Эмомалӣ дар як рақобати сахту сангин ва тӯлонӣ муқобили Сардор Нириллаеви ӯзбек дар вақти тиллоӣ тавонист бо имтиёзи иппон ғолибият ба даст оварда, аввалин тиллояшро дар мусобиқаҳои  Grand Slam ба даст биёрад.

Ҳамчунин, Эмомалӣ дуюмин нишони тиллоро дар таърихи ҷудои меҳан барои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Grand Slam соҳиб шуд.

Мавриди зикр аст, ки Эмомалӣ ҳам барои роҳ ёфтан ба финали мусобиқа масири ноҳамвореро тай кард. Ӯ дар даври аввал  бидуни мушкилӣ муқобили Ҳаким Агамамедов аз Туркманистон зафар ёфта, дар даври дуюм ҷудокори мизбон Бобур Вадҷиевро дар як рақобати сахту сангин аз сари роҳ дур кард ва ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Дар даври сеюм Эмомалӣ муқобили ҷудокори фаронсавӣ Валид Хюар дастболо шуда, дар даври нимниҳоӣ ҷудокори бомаҳорати ӯзбек Мухриддин Тилововро шикаст дод.

Ғолибони вазни то 66 кг

1.Эмомалии Нуралӣ (Тоҷикистон)

2.Сардор Нуриллаев (Ӯзбекистон)

3.Мухриддин Тиловов (Ӯзбекистон)

3.Валид Хюар (Фаронса)

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа номбурда, Тоҷикистонро 5 ҷудокор Шукрона Қарчиева (-48 кг), Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) ва Шаҳбозу Эмомалӣ зери вазни то 66 кг намояндагӣ карданд.

Шукрона Қарчиева (-48 кг)  мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023-ро хуб оғоз накард, зеро дар даври аввал аз ҷудокори мизбон Фотимахон Турсунбоева мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Шоҳида Қаландарова (-57 кг) бо мағлуб кардани Балнур Курманбайи қазоқ ба даври дуюм роҳ ёфт ва дар даври дуюм муқобили   Момо Тамаокии ҷопонӣ то ба охир мубориза бурд, лек ноком гардид.

Зери вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал ҷудокори қирғиз Казюбек Чюнбековро шикаст дода, дар даври дуюм аз Дилшодбек Баротови ӯзбек шикаст хӯрд.

Дар вазни то 66 кг Эмомалии Нуралӣ соҳиби нишони тилло шуду, Шаҳбоз Саидабуроров дар даври аввал Эрбол Абасбекови қирғизро шикаст дод, лек дар даври дуюм аз ҷудокори мизбон Сардор Нуралиев мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Пагоҳ дар рӯзи дуюми мусобиқа зери вазни то 73 кг - Маҳмадшариф Наҷмиддинов,  Беҳрӯз Хоҷазода ва зери вазни то 81 кг  - Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023   Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

https://varzishtv.tj/tj/news/nishoni-tillo-emomal-dar-tashkent-grand-slam-2023/

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top