Ҷавонон зидди амалҳои номатлуб

Бинанда: 542 | Санаи нашр: 01 Март 2023

28 – уми феврали соли 2023 дар донишгоҳ таҳти унвони “Ворид нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” ҷамъомад доир гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Чиллахонзода ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидакбар Самадзода иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов доир ба мавзӯи зикргардида, инчунин, даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ибрози андеша кард.

Сипас Раҷабалӣ Чиллахонзода фикру мулоҳизаҳояшро перомуни нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз терроризму ифротгароӣ, ҷаҳлу хурофотпарастии шаҳрвандон, таъсири манфии ин падидаҳои номатлуб ба давлат ва ҷомеа, пешгирии ифротгароии наврасону ҷавонон ва дигар масоили муҳим баён намуд.

Саидакбар Самадзода низ доир ба хидмати ҳарбии ҷавонон, ватандӯстиву ифтихори ватандории ин қишри ҷомеа, ҳимояи марзу буми Ватан, ҳурмати волидайн ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ андешаронӣ кард.

Дар қисми хотимавии ҷамъомад Саймаҳмуд Саидов зикр кард, ки раёсати донишгоҳ хатмкунандагонеро, ки бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ мераванд, имтиёз медиҳад ва дастгирӣ менамояд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top