“Рӯзи дарҳои кушода” дар донишгоҳ

Бинанда: 599 | Санаи нашр: 25 Феврал 2023

25 – уми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии муҳимми “Рӯзи дарҳои кушода” дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он мушовири директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомуддин Шамсов, намояндаи Иттифоқи Тоҷикматлубот Нурулло Назризода, собиқадори соҳаи маориф, доктори илмҳои филологӣ Умринисо Казакова, инчунин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро пазироӣ намуда, ба онҳо маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет ва дискҳои электрониро тақдим карданд. Довталабон зимни шиносоӣ бо заминаи моддию техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалии муосир ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронӣ, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ таассуроти неку фаромӯшношуданӣ бардоштанд.

Сипас дар толори асосии донишгоҳ бо хатмкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он ректори ин боргоҳи илму маърифат, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар доир ба муҳиммияти маълумоти олии касбӣ, аҳаммияти зиёди илму маърифат барои ҷавонон, фаъолияти гуногунҷанбаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла шарту шароити таҳсил, заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва имтиёзҳо барои донишҷӯён ибрози андеша намуд.

Эмомуддин Шамсов зимни суханронӣ доир ба тартиби қабули хатмкунандагон ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023 – 2024 ва дигар масоили марбут ба ин соҳа ибрози андеша кард.

Умринисо Казакова низ доир ба масоили марбут ба чорабинии имрӯза андешаронӣ карда, хатмкунандагонро ба омӯзиши илму ҳунар, дӯст доштани Ватан  ва арҷ гузоштан ба муқадасоти миллӣ даъват намуд.

Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқи тиҷоратии донишгоҳ Эмомалии Нуралӣ зимни баромадаш аз дастгириву ғамхории доимии раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Инчунин, Хайрулло Назарзода варзишгари шинохта Эмомалии Нуралиро барои аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин варзишгари соли 2022 миёни ҷавонон эътироф гардиданаш, самимона табрику таҳният гуфт.

Дар идомаи чорабинӣ котиби масъули комиссияи қабул Муҳитдин Ҳамитов барои хатмкунандагон озмун – викторина доир кард ва ба онҳое, ки ба саволҳои тартибдодашуда ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и донишгоҳ, ки аз суруду рақсҳои дилнишин иборат буд, табъу хотири ҳозиринро хушу болида гардонид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top