Даври дуюми озмун дар донишгоҳ

Бинанда: 638 | Санаи нашр: 24 Феврал 2023

20-23 – юми феврали соли 2023 дар донишгоҳ ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” байни омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми июли соли 2022 таҳти № АП-227 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардидааст.

Озмунро ректори донишгоҳ, раиси комиссия, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, перомуни аҳаммияти бузурги ин тадбири фарҳангию маънавӣ ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар аввал озмун дар сатҳи се факултет гузаронида шуд, ки зиёда аз 400  нафар донишҷӯёни магистрон ва омӯзгорон иштирок карданд. Аз миқдори зикршуда 45 довталаби арзанда бо пешниҳоди ҳайати ҳакамони факултетҳо ба даври умумидонишгоҳӣ сафарбар шуданд.

Сипас ҳайати комиссия – муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов, сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудратзода, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, дотсент Ҷаъфар Неъмонов, дотсент Султон Саидов ва муаллими калони ҳамин кафедра Муҳаммадсафои Исматулло дар доираи мавзӯи матраҳшуда ба иштирокдорон суолҳо пешниҳод намуда, посухи қонеъкунанда гирифтанд ва ғолибонро муайян карданд.

Ғолибони даври дуюми озмун ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top