Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ

Бинанда: 550 | Санаи нашр: 22 Феврал 2023

Имрӯз (22.02.2023) дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23 – юми феврал аз таъсисёбии он 30 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақшу саҳми бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатии кишвар, рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, инчунин, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар кардани донишҷӯёни хоҳишманд ба хидмати ҳарбӣ ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуд.

Сипас Хайрулло Назарзода ба омӯзгорони ҷавон Низомиддин Валиев, Саидафзал Мизробов ва Лоиқ Ҳалимов, ки рисолаҳои илмиашонро муваффақона ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардида буданд, ба миқдори чор ҳазор сомонӣ (ба ҳар як кадоми онҳо) маблағи пулӣ тақдим кард.

Инчунин, ба ғолибону доварони мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ”, ки аз рӯӣ чор намуди варзиш – шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, волейбол ва футболи хурд дар байни омӯзгорону кормандон гузаронида шуда буд, мукофотпулӣ супорида шуд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунари “Тоҷири аҷам” – у хонандагони литсейи донишгоҳ ва сурудҳои дилнишини сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ – Қобилҷон Зарипов ва Афзалшоҳ Шодиев рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомади имрӯза гардид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top