Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!

Бинанда: 622 | Санаи нашр: 22 Феврал 2023

(Бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ватан - Модар ду мафҳуми аз ҳам ҷудонашаванда, гаҳвораи умедҳои ҷовидонӣ,  ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Офаридгор барои мо ато намудааст. Модар фариштаи меҳру муҳаббат аст, ки ба инсон ҳаёт бахшида, барои пешрафти ҷомеаи солим кӯшиш мекунад, ки фарзандони солимро ба воя расонад. Ватан мисли модари ғамхору мунис дар домони хушбӯю фараҳафзои худ ба мо ҷой медиҳад. Бинобар ин ҳар як фарди бонангу номуси ватандӯст бояд ду мафҳумро то абад азиз ва муқаддас дониста, хизмат ба  халқ,  ҳимояи марзу буми хешро шараф ва қарзи виҷдон донад. Тоҷикон аз азал мардуми бонагу номус, меҳнатдӯсту ватанпарваранд.

Имрӯз ҳар як фардро мебояд, ки худро нисбати Ваҳдат ва истиқлолияти Ватани маҳбуби хеш масъул ва вазифадор шуморида, онҳоро чун ҷон дар вуҷуду амали худ устувор нигоҳ дорад. Инсони худшиносу масъулиятшинос  ҳамеша  ифтихор дорад, ки Ватани ободу зебо ва беназир дорад. Дар ин хусус шоири маҳбуб, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик устод Мирзо Турсунзода фармудааст:

Ҳамеша бо Ватан будам,

Ҳамеша бо Ватан масрур!

Ҳифзи Ватан нишони ҷавонмардист. Аҷдодони гузаштаи мо ин ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ намуда, барои озодӣ ва ҳифзи истиќлолияти давлатии хеш ҷони худро дареғ надоштаанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

Воқеан, ҳифзи Ватан уҳдадориест, ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад ва тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.  Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги ҳар як фарзанди бонангу номуси мамлакат аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ дониста, чунин иброз намудааст: “Муносибат ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.

Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият ҳамчун рукни муҳимтарини давлатдорӣ маҳсуб меёбад, ки давраи таъсисёбии он ба марҳилаи ниҳоят вазнину мураккаби давлатдории навини Тоҷикистони азиз рост меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазифаи асосии Артиши миллӣ чунин ибрози андеша кардаанд: “Артиши миллӣ - такягоҳи давлат ва сипари мамлакат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти ватан, сулҳу суббот дар кишвар ва тамомияти арзи он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир аст”.  Сарбозони далеру шуҷоъ ва ҳомиёни Ватани соҳибистиқлоли тоҷик баҳри сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ ва ягонагӣ сарсупорӣ ва ҷонфидоӣ намуда, ба халқи шарифи тоҷик озодӣ ва ҳаёт бахшиданд.

Бо вуҷуди ин қадар мамониятҳо, мушкилотҳои сахту сангин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикор ва заҳматҳои ҳамарӯзаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони бонангу номуси миллат тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмин намудани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохтанд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро маҳз зодаи Иҷлосияи тақдирсоз, Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидаанд, ки ин бесабаб нест. Нахустин намоиши Артиши ҷавони Тоҷикистон, ки дар санаи мубораку фархунда,  23.03.1993 барпо гардид, ки аз он рӯз сӣ сол сипарӣ шуд. Пояҳои мудофиавии давлати соҳибистиқлоли тоҷик он гоҳ мустаҳкам гардиданд, ки дастгоҳи марказии Вазорати Мудофиа ва сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъийн гардидааст, ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Артиши миллӣ ҳамчун як падидаи нав, чун навраси ояндадор зина ба зина нерӯи тоза гирифта, пайваста рушду камол ёфта, мунтазам пурқувват гардид ва он имрӯз тайёр аст, ки ҳар гуна имтиҳон ва озмоишҳоро паси сар намояд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба неруҳои ҳарбии мамлакатҳои ҳамсоя таҷрибаи калони ҷангиро соҳиб гардид.

Бешак, Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва мактаби далерию қаҳрамонист. Афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити бениҳоят нангин, сангин ва вазнини ҷанги таҳмилӣ (1992-1997), дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ дар Тоҷикистон ба савганди ҳарбии хеш содиқ монда, қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, қатъиян манъ кардани ҷангу хунрезиҳо дар кишвари маҳбуб, аз парокандагию нестшавӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, барои ба истиқрори сулҳу оромӣ расидан, дар ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осиштаву саодатманди мардуми Тоҷикистон саҳми бузург гузоштанд. Ҳазорон нафар афсарони шуҷоъ ва сарбозони далер, ҳомиёни Ватани  соҳибистиқлоли тоҷик, фарзандони содиқу сарсупурда ҷони худро дар ин мубориза баҳри баҳри сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ ва ягонагӣ, баҳри ҳаёти музаффари халқи шариф ва ояндагон нисор карда,  ба онҳо озодӣ ва ҳаёт бахшиданд, ки хотираи неки онҳо ҷовидона дар қалби мардум зинда хоҳад монд.

 Умуман, дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина Қушунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушунҳои зудамал, дигар навъҳои қушун ба монанди Қушунҳои сарҳадӣ, Қушунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва як қатор сохторҳои низомӣ таъсис гардиданд, ки дар паради ҳарбӣ саф кашидани онҳо боиси хушнудию сарбаландӣ, хуррамию осудагӣ ва ифтихори ҳар як фарди масъулиятшинос, худогоҳу худшиноси мамлакат мебошад.

Шеъри “ Ватан дар ҷон”-и   шоири маҳбуб,  ватандӯст ва соҳибзавқи тоҷик Камол Насрулло, ки дар мавзӯи ватандӯстиву муҳаббати баланди инсон ва содиқ  мондани ӯ ба Ватани хеш эъҷод гардидааст, бисёр ҷолибу таъсирбахш аст:

Ватан - ҷоне, ки дар ҷони ману туст,

Ватан - ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!

Ватан дар шонаву шони ману туст.     

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҷаҳон давлати бе лашкари тавонову разманда пурқувват нахоҳад гашт. Бинобарин шоҳаншоҳон ва давлатдорон баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳои худ саъю кӯшиш менамуданд, ки ҷузъу томҳои лашкар ё қушунро созмон диҳанд. Сарчашмаҳои таърихӣ низ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишиён, Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои лашкари ҷасуру тавоно буданд. Ҳатто Искандари Мақдунӣ лашкари соҳибзафару бонизоми худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони қадимтарини мо - Куруши Бузург ва Дорои I бунёд гузоштааст.

Бояд ёддовар шуд, ки ниёгони меҳандӯсту сарбаланди тоҷик дар ҳама зинаҳои таърих ба монанди Шерак, Фрада, Томирис, Сатирбазан, Спитаман, Ғурак, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Мунтасир, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Мавлонзода, Восеъ ва дигарон, ки баҳри озодию истиқлолият ва мустақилияти хеш зери диравш - Парчами ваҳдату ягонагӣ сарҷамъ омада буданд, артишҳои халқӣ созмон ва мураттаб намуда, алайҳи қувваҳои таҷовузкор то тавонистанд истодагарӣ кардаанд.

Сулолаи Сомониён, дар оғози ба сари қудрат омадани нахустин давлати миллии тоҷикон - Сомониён Артиши миллии худро бо дастуру оинномаҳои қавӣ созмон доданд. Аз ҷониби сипарсолор, шоҳ Исмоли Сомонӣ, ки дар таърихи халқи тоҷик чун амир, шоҳаншоҳи одил, шоистаю фозил, хирадманду сазовор, хайрхоҳу раъиятпарвар, ҷасуру тавоно ва соҳибтадбир дониста шудааст, лашкари дар пояи низому тартиботи қавӣ, ахлоқи ҳамида ва оини ҷавонмардӣ созмон ёфт.

Воқеан, корномаи Исмоили Сомонӣ шуҳрат ва намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад, Ӯ барои мардуми Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу номус, худшиносӣ, эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳуввият, ҳама суннатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд. Номҳои бисёр паҳлавонон, ба монади Рустами таҳамтан, Суҳроб, Сиёвуш, Гурдофарид ва дигар гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз ҳуҷумҳо ва таҷовузи аҷнабиён ҳифзу дифо кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд.

Вожаи “гурд” ва “сипаҳсолор” дар адабиёти бой ва оламгири мо, бахусус дар шоҳасари безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба маънои қаҳрамон, халқпарвар, инсондӯст, паҳлавон, далер, баҳодур, шуҷоъ, боақлу хирад, инсондӯст, ватанпарвар ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Шоирони классики мо дар ҳамосаҳои худ, ки аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсурпурдагии сарлашкарон, сарбозону аскарон нисбат ба халқу Ватан қисса намудаанд, бештар ибораҳои “сипаҳбад”, “сипоҳ”, “сипоҳбед”,“сипарсолор”, “исфаҳсолор”, “исфаҳсалор”, “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан”, “гурдони шерҷигар” ва амсоли ин чун шерозаи ҳусни баён ҷой додаанд.

Имрӯз боиси ифтихори мост, ки ҷавонони саодатманду хушиқбол бо ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ худро пайравони асили Пешвои муаззами милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобида, амалҳои ҷавонмардонаи ӯро ҳамчун мактаби сулҳпарварона сармашқ ва дастури фаъолияти худ интихоб намуда,  китф бар китфи ҳам ниҳода, баҳри нигаҳдошт ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҷони худро дареғ надошта, сарбаландона хизмати Ватан - Модарро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуҷоатмандона ва мардонавор адо намуда истодаанд.

Бешак,  вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд. Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд. Дар ин раванд, ба роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фармондеҳони ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарур аст, ки ба масъалаи риояи ҳатмии талаботи қонун ва ойинномаҳои низомӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намоянд. Ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон тайи 30-соли сипаришуда (1993-2023) тавонистаанд, ки аз ин мактаби бузурги ҳаёт, мактаби шуҷоат ва далерӣ сабақи мардонагӣ омӯхта, баҳраманд гардида, қарзи фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намоянд. Воқеан, Артиши миллӣ борҳо собит сохт, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад. Мардуми шарифи Тоҷикистон итминони комил доранд, ки бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати насли калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ сарбозон ва афсарони қавииродаи Ватан барои ҳимояи истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баҳри баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омода ва ҳушёр бошанд.

Ҳамасола, 23 феверал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҳомиёни Ватан, мардони далеру шуҷоъ, ҷанговарони башардӯст, иштирокчиёни воқеаҳои Афғонистон, ки ҳамчун ифодагари истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, мардонагию матонат, иродаи қавию мустаҳками халқ, ватандӯстию ватандории фарзандони бонангу номус маҳсуб меёбад, дар саросари кишварамон бо ифтихор ва эҳсоси баланди миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Оре, ин рӯзи муборак, рӯзи сарбозони шуҷоъ ва ҳомиёни содиқи Ватан аст. Мардум ҳамеша дар симои хизматчиёни ҳарбӣ фарзандони некуном, нотарсу далер, матиниродаю баномусро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ содиқу вафодор мемонанд.

Воқеан, мардон сабаби пойдории давлат,  сутуни хонадон ва устувории оилаҳо маҳсуб меёбанд. Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ва ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Бигзор сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки ватанамон устувор ва ҷовидон боқӣ монад.

Оре, ҳар фарде, ки ифтихори ватандорӣ дорад, ҳифзу ҳимояи Ватан ва марзу буми он вазифа ва қарзи аввалиндараҷаи ӯ дар назди виҷдони худ мебошад, ки дар ин хусус шоир чунин фармудааст:

Эй баномус, ватандор Ватанро мафурӯш,

Ватан бар ивази ҷон бихар, имон мафурӯш.

Муаллими калони кафедраи

фанҳои гуманитарии Д Д Т Т, Сангова Фирӯза Холмуродовна

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top