Семинари илмӣ назариявӣ

Бинанда: 540 | Санаи нашр: 21 Феврал 2023

21 – уми феврали соли 2023 дар донишгоҳ ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ кафедраҳои забонҳо, забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук  дар мавзӯи  “Нақши омӯзиши забонҳо дар ҷаҳони  муосир” семинари илмӣ – назариявӣ баргузор намуданд.

Семинаро мудири кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ дотсент Файз Акрамов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, дар мавзӯи “Аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои  фарҳангии байни миллатҳо” маърӯзаи пурмазмун кард.

Сипас дотсенти кафедраи забонҳо Бобишоҳи Насриддиниён ва муаллими калони кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ Т. Насриддинов дар мавзӯъҳои “Забон – калиди дари ганҷи соҳибҳунар” ва “Аҳаммияти омӯзиши забони англисӣ дар ҷаҳони муосир” бо маърӯзаҳои ҷолиб суханронӣ намуданд.

Дар қисми хотимавии семинар якчанд донишҷӯи кафедраҳои зикргардида фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба мавзӯи матраҳшуда иброз доштанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top