Даври якуми озмун дар факултет

Бинанда: 525 | Санаи нашр: 20 Феврал 2023

18 – уми феврали соли 2023 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки донишгоҳ ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” байни омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини декан оид ба тарбия Ҷовидон Сафаров доир ба аҳаммияти бузурги ин тадбири илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ ибрози андеша кард.

Дар озмуни зикргардида донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, ба суолҳои доварон дар ҳайати мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикорупсионӣ Фаррух Алиев, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Муҳаммадсафои Исматулло, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов ва дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва муносибатҳои байналмилалӣ Ғафур Расулов  посухи қонеъкунанда гуфтанд.

Ғолибони даври якуми озмун ба даври дуюм, ки дар донишгоҳ баргузор мегардад, роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top