“Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат

Бинанда: 530 | Санаи нашр: 20 Феврал 2023

17 – уми феврали соли равон дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”  байни омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет Диловар Хоҷаев оғоз намуда, доир ба аҳаммияти бузурги тарбиявию маънавии озмуни зикршуда ибрози андеша кард.

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҷ. Неъмонов, омӯзгорони ҳамин кафедра С. Саидов, Р. Сияров ва якчанд донишҷӯ низ перомуни ин мавзӯи муҳим сухан гуфтанд.

Дар озмун донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм, сеюм ва омӯзгорон иштирок намуда, аз байни онҳо 13 нафар донишҷӯ ва 2 нафар омӯзгор ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top